Дар озмуни имсолаи "Зебосанами ҷаҳон" (Miss Universe) намояндаи Ҳиндустон, Харнааз Сандхуи 21-сола ғолибият ба даст овард. Дар ин бора хабаргузории РИА новости ба истинод ба манбааш хабар медиҳад...
Ба иттилои манбаъ дар озмуни “Зебосанами ҷаҳон” имсол духтарон аз 80 кишвари дунё иштирок намуда, барои ба даст овардани тоҷи ғалаба қувваозмӣ намуданд, вале ғолибият насиби духтараки фариштарӯйи ҳинду гашт.
Нозанини ҳунду Ханрааз Сандху тоҷи "Зебосанами ҷаҳон" - ро аз Андреа Меса, ки зодаи Мексика мебошад, гирифт. Ҷойи дуввум насиби намояндаи Африқои Ҷанубӣ ва зинаи сеюм насиби зебосанами Парагвай гашт.
Ба даҳгонаи зеботарин духтарони олам бонувон аз кишварҳои Колумбия, Фаронса, Пуэрто - Рико, Флиппин, Багама, ИМА, ва Аруба шомил шуданд.
Харнааз Сандху соли 2019 дар змуни "Мисс Ҳиндустон” ширкат варзида, ба 12 гонаи беҳтаринҳо шомил ва ғолиби озмун гардида буд. Ин паричеҳра дар чанд филми ҳунарӣ ва видеоҳои Панҷобӣ нақшофарӣ кардааст. Касби асосиаш модел буда, ҳамзамон дараҷаи магистр дар соҳаи идоракунии давлатӣ дорад.
Озмуни "Зебосанами ҷаҳон" дар шаҳри Эйлати кишвари Исроил баргузор гардид. Озмуни мазкур имсол 70-солагии худро таҷлил менамояд.
Абдуғаффор Шодиев