Arzon march 2024
Духтари ҷавон турна хоб бинад, шавҳар мекунад?
22.05.2024
ОИЛА.ТҶ
1796

Салом! Шаби гузашта хоби аҷибе дидам. Дар хобам як села турнаҳои сафед парвозкунон аз болои сарам гузаштанд. Ман бо ҳавас ба селаи турнаҳо нигоҳ мекардам. Баногоҳ яке аз турнаҳо аз села ҷудо шуда, ба сӯйи ман парвоз кард ва омада дар сари китфам нишаст. Ҳамин вақт аз хоб бедор шудам. Субҳ алакай дамида буд. Хобамро ба модарам нақл кардам, он кас гуфтанд, ки турнаю кабӯтар дар хоб парӣ аст, вале дугонаам мегӯяд, ки мурғ дар хоби зан рамзи бахту саодат мебошад. Намедонам ба гапи кадомашон бовар кунам. Илтимос, таъбири хоби маро бигӯед!

САНАВБАР, сокини шаҳри Душанбе

Посух:

- Барои таъбири хоби шуморо пайдо кардан чандин хобномаҳоро дида баромадем. Тавре дар хобномаҳо омадааст, мурғ, аз ҷумла турнаҳо низ дар хоб рамзи боигарӣ, давлату сарват ва бахту саодатанд.

Ҷавон ё духтари муҷаррад турна хоб бинад, ба зудӣ бахташро ёфта, соҳиби ҳамсари зебо, меҳрубон ва покдомон мегардад.

Мард ё зани оиладор селаи турнаҳои дар осмон парвозкунандаро хоб бинад, ба сафар мебарояд.

Хоб бинед, ки турна ба сари китфатон нишастааст, давлату сарвати зиёдеро ба даст оварда, бою бадавлат ва соҳиби обрӯю эҳтиром хоҳед гашт. Аммо дар замин ҷамъ шудани турнаҳои бисёр далели хайр нест.

Тавре дар хобномаҳо омадааст, чунин хоб як навъ огоҳӣ мебошад, ки шахси хобдида бо тўдаи авбошон ё дуздон рӯ ба рӯ гашта метавонад. Шахсе, ки чунин хоб мебинад, бояд эҳтиёт бошад, то ки мавриди дуздию ғоратгарӣ қарор нагирад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД