Formula novemver 2024
Духтаре, ки бо бачаҳо “як ба як” мезад
3490

Мавзуна Чориева чи тавр чемпион шуд?
Имрӯз яке аз духтарони қаҳрамон ва номвари миллати тоҷик, Гурдофариди сонӣ, боксёри машҳур ва чемпиони бозиҳои олимпӣ Мавзуна Чориева ҷашни милод дорад.

1
Расо 29-сол қабл дар ҳамин рӯз-1октябри соли 1992 дар шаҳри Кӯлоб дар оилаи Ғоибназар ва Нақшонбӣ духтараки сияҳчашму сияҳабрӯи зебое ба дунё омад, ки садои “ингаа”-аш пайки пирӯзиҳои бузург буд. Навзод пайкари пурра дошт ва зоҳиран аз духтар дида, ба писарча бештар монанд буд.
Ғоибназари ташнаи писар бо дидани духтарчаи паҳлавонсураташ курта-курта гӯшт гирифта “писаракам” гӯён, тифли навзодро ба оғӯш гирифт ва беихтиёр аз чашмонаш ду қатраи калон-калони ашк мисли ду дона гавҳар ба рӯйи рухсораш шориданд. Ин ашки шодӣ буд...

2
Падар гӯё эҳсос мекард, ки худо барояш духтареро ҳадя намудааст, ки баҳои сад писарро дорад ва минбаъд дар зиндагӣ такягоҳи устувор ва номвару номбардораш мегардад, аз ҳамин хотир Мавзунаро аз оғоз ҳамчун писар тарбият мекард. Апаҳояш хонаву ҳавлӣ мерӯфтанду Мавзуна ҳамроҳи падар соатҳо гирди варзишгоҳ медавид, апаҳояш косаву табақ мешустанду ӯ бо бачаҳо “як ба як” мезад, апаҳояш хӯрок мепухтанду ин духтари ба қавли ҳамсояҳо “бачасифат” ҳар рӯз ба машқи бокс ва муштзанӣ мерафт...
Мавзуна имрӯз хотироти ширини айёми кӯдакиашро ба ёд оварда бо табассум чунин қисса мекунад:


“Ҳар муваффақияте, ки ман дар зиндагӣ ба даст овардам, самари сахтгирӣ ва заҳмати падари бузургворам аст. Мабодо рӯзе ба хона бе захму “синяк” меомадам, падарам “Шармандаам кардӣ”-гуфта, маро сарзаниш мекард. Намемонд, ки бо бачаҳои аз худам хурд ва нимҷону лоғар ҷанг кунам. Ҳамеша бо бачаҳои аз худам калон ва бузбалатар ҷанг мекардам....”

4
Сахтгирии падар ва талошҳои худи Мавзуна билохира самар доданд ва ин духтараки ба қавли мардуми Хатлонзамин “говҷигар” дар спорт қуллаҳои баландро фатҳ намуда, натанҳо номи худ ва падари бузургвораш, балки номи миллати тоҷикро низ дар сатҳи ҷаҳон баланд бардошт. Соли 2010 Мавзуна Чориева дар Чемпионати Осиё дар вазни 60 килограм ғолиб омада, чемпиони Осиё шуд. Вай аввалин зан-духтари тоҷик буд, ки дар бокс ба чунин муваффақияти бузург ноил гаштааст.

5
Ҳамин тавр бахт ба рӯйи ин духтараки шердил хандида, пай дар пай дар чорабиниҳои варзишии сатҳи байналмиллалӣ иштирок намуда, муваффақиятҳои нав ба навро ба даст меовард. Соли 2012 Чориева аввал медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон, баъдан медали нуқраи Чемпионати Осиёро ба даст оварда, ғолиби Бозиҳои Олимпӣ гашт. Ватан духтари қаҳрамонашро бо гулрезию гулбезӣ пешвоз гирифта, мири шаҳри Душанбе ба Мавзуна Чориева дар яке аз зеботарин минтақаҳои пойтахт хонаи сеҳуҷрагӣ тақдим намуд, ҳукумати шаҳри Кӯлоб бошад, ба гулдухтари номовараш панҷҳуҷрагӣ ҳадя кард. Сарвари давлат, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Гурдофариди асри ХХ1-Мавзуна Чориеваро бо “Ордени Шараф” мукофотонида ба ин паҳлавондухтари шердили тоҷик барои баланд бардоштани номи миллат дар арсаи ҷаҳон изҳори сипос намуд.

6
Октябр барои устоди варзиш ва чемпиони олимпӣ Мавзуна Чориева моҳи пурфайзу пурбаракат аст, зеро ӯ маҳз дар ҳамин моҳ ба дунё омада, дар ҳамин моҳ оила бунё намудааст. Ҷашни пуршукӯҳи арӯсии Мавзунаи қаҳрамон бо Амон Бобоев дар моҳи октябри соли 2012 аз зумраи фараҳбахштарин ва пурсарусадотарин рӯйдодҳои сол буд. Имрӯз Мавзуна модари хушбахт аст ва дар ҳалқаи шавҳари меҳрубону фарзадони нозанин ва мухлисони сершумору дӯстони ҷониаш ҳаёти ширин ба сар мебарад. Ягона чизе, ки хотири ин зани паҳлавонро озурда месозад, дар бараш набудани падари меҳрубонаш мебошад. Марги падар қомати ӯро хам карда бошад ҳам, ин мусибати бузург ва ҷуброннопазир натавонист рӯҳи муборизи Мавзунаро бишканад. Чориева ҳаргиз пеши мушкилоти зиндагӣ гардан хам намекунад, зеро падари бузургвораш ӯро ҳамеша ғолиб ва сарбаланд дидан мехост.

Аҳли эҷоди сомонаи Оила. ТЧ ин зани шуҷоъ ва номварро бо ҷашни милод сидқан муборакбод гуфта, ба Мавзуна Чориева фатҳи қуллаҳои нав ба навро натанҳо дар арсаи варзиш, балки дар тамоми ҷодаҳои зиндагӣ таманно доранд. Ҳамеша сарбаланд, накӯком ва хушбахт бош, паҳлавондухтари номвар ва номбардори миллати тоҷик!

12

8

 

9

10

11

 



Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД