“Оила кори хеле муҳим ва масъулиятноки одам аст. Оила ҳаётро пуру паймонтар карда, хушбахтӣ меорад. Вале ҳар як оила хусусан дар ҳаёти ҷамъият пеш аз ҳама масъалаи бузургест, ки аҳамияти давлатӣ дорад”.
А.С. Макаренко
Солҳои охир байни тоҷикон ва қирғизҳо баҳсу моҷароҳои зиёде ба амал омада истодаанд, ки ба шаъни ду ҳамсоя намезебад. Моҷарои охире, ки моҳи апрел дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон барои об сар зада, бо хунрезӣ ва талафоти ҷонӣ аз ҳарду тараф анҷом ёфт, муносибатҳоро боз ҳам сардтар ва авзоъро шадидтар гардонд. Имрӯз тибқи овозаҳо муҳоҷирон ва тоҷирони тоҷик дар ҳудуди Қирғизистон аз ҷониби қирғизҳо мавриди лату кӯб ва озору шиканҷа қарор мегиранд, дар навбати худ иддае аз тоҷикон низ дар кунҷи дилашон нисбат ба қирғизҳо кина мепарваранд, ки ҳамсоягиро пос надошта, ба марзу буми бобоии тоҷикон чашм ало карданд. Албатта ин хеле бад аст, зеро ин ду халқ-тоҷику қирғиз солҳои дароз дар ҳамсоягӣ зиндагӣ карда, нону намаки ҳамдигарро бисёр чашидаанд. Пос надоштани нону намак бошад, кӯрнамакист!
Тоҷикон масали хубе доранд: “Ҳамсояи наздик аз хеши дур беҳтар аст!” Албатта ҳамсояи наздик аз хеши дур беҳтар аст, агар дӯст бошад ва дар лаҳзаҳои ғаму шодӣ дар паҳлӯят рост истода, ба қадри тавоноӣ кӯмак расонад ё ҳеҷ набошад, кӯшиш кунад, ки зарараш ба ҳамсоя нарасад. Дар сарзамини Тоҷикистон, бештар дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон теъдоде аз оилаҳои қирғиз умр ба сар мебаранд, ки анъана ва расму русуми худро доранд. Ба умеди аз байн рафтани нофаҳмиҳо ва дубора барқаро шудани муносибатҳои самимӣ ва дӯстона байни ду миллати ҳамсоя имрӯз мо ба шумо дар бораи баъзе анъанаҳои оилавии миллати қирғиз маълумот медиҳем.
Анъанаҳои оилавии қирғизӣ
Оилаи анъанавии қирғизон хосияҳоти ба худ хосро дорад, агар дар оила якчанд писар бошад, пас писари хурд баъди оиладоршавӣ бо волидон мемонад ва хонаву дари падару модараш маҳз ба писари хурдӣ мерос мемонад. Духтарони қирғиз бошанд, баъди хонадор шудан, узви оилаи шавҳарашон гашта, пурра ба ҳамсарашон вобаст мешаванд.
Арӯсдуздӣ ҷиноят аст, вале...
Рабудани арӯс аслан хилофи қонунгузорӣ буда, ҷиноят ба шумор меравад, вале ин анъана дар миллати қирғиз вуҷуд дорад. Аз рӯи баъзе маълумотҳо тақрибан ҳар панҷумин издивоҷ дар Қирғизистон бо роҳи дуздидани арӯс сурат мегирифт. Яке аз чунин арӯсони рабудашуда Бурайма-ҳамсари Мамай аст, ки имрӯз ҳамроҳи шавҳар ва хонаводааш дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад. Сайназаров Мамай иқрор мешавад, ки дар ҷавонияш ба Бурайма сахт ошиқ шуда, ӯро рабуда буд, вале акнун баъди гузаштани чанд даҳсола хатои худро дарк намуда, мегӯяд, ҳарчанд Бурайма ӯро дар зиндагӣ хушбахт гардонида бошад ҳам, ин усули хонадоршавӣ дуруст нест. Хуб шуд, ки анъанаи духтардуздӣ аз байн рафта, имрӯз ҷавонон танҳо бо роҳи қонунӣ издивоҷ мекунанд.
Бишик куда чист?
Гумон накунед, ки тамоми ҷавонони қирғиз танҳо бо роҳи духтардуздӣ соҳиби зан ва оилаи обод мегаштаанд, ин миллат анъанаҳои дигар низ дошт, ки дар баъзе ҳолатҳо то кунун риоя мешаванд. Яке аз ин анъанаҳо ҳанӯз дар даврони кӯдакӣ номзад кардани “арӯсу домод” буда, бештар ба “ Гаҳворабахш”-и тоҷикон шабоҳат дорад. Ин анъана дар ду шакл анҷом дода мешавад ва яке “Бел куда” ва дигарӣ “Бишик куда” ном дорад. Ҷуфт кардани кӯдакони ҳанӯз дар батни модар бударо мардуми қирғиз “Бел куда” меноманд, гаҳворабахш кардани кӯдакони навзод бошад, маъмулан “Бешик куда” номида мешавад. Дар замони муосир ин анъанаҳо хеле кам ба назар мерасанд, вале ҳастанд оилаҳои қирғизе, ки то кунун фарзандонашонро бо усули “Бел куда” ва “Бишик куда” бо ҳам ҷуфт месозанд.
Ҷавонон озодӣ ва муҳаббат мехоҳанд.Пос доштани анъанаҳои аҷдодӣ албатта хуб аст, ба шарте, ки он анъана озодии инсонро маҳдуд насозад. Ҷавонони қирғиз инро дарк намуда, имрӯз чандон ба чунин анъанаҳои кӯҳнашуда шавқу рағбат надоранд. Аксари ҷавонони қирғиз бо майлу хоҳиши худ оила барпо намуданро авло медонанд, чунки пойдорӣ ва устувории оиларо маҳз муҳаббати поки ду ҷавон ташкил медиҳад. Оилае, ки пояаш бар муҳаббат асос ёфтааст, оилаи хушбахт аст. Дар мазраи диле, ки муҳаббат парварида мешавад, гули вафо ва фазилатҳои неки инсонӣ шукуфон мегардад. Меҳру муҳаббати пок ганҷи қиматбаҳест, ки минбаъд ҳамсарон онро ҳамчун мероси бисёр пурарзиш ба фарзандони мерос мегузоранд.