Arzon march 2024
ДУХТАРЧАИ 9-СОЛА ЯКБОРА КАМПИР ШУДУ МУРД
5881


Ира Химичс, духтараки 9-сола дар Украина аз пирӣ даргузашт. Дар ин бора модари духтарак дар Instagram хабар додааст.

"Ира даргузашт. Дирӯз дилаш аз кор монд. Офтобакам, маро бубахш, ки ин дафъа туро наҷот дода натавонистам", - навиштааст зан.

Дар панҷсолагӣ духтурон муаян карда буданд, ки ӯ ба бемории нодир - прогерия гирифтор аст.
Пригорея бемории генетикист, ки дар натиҷа организм бармаҳал пир мешавад. Дар бештари ҳолатҳо, нишонаҳои прогерия дар 2-3-солагӣ зоҳир мешаванд. Он асосан дар пӯст ва узвҳои дохилӣ зоҳир мегардад.

Ҳамагӣ дар як сол бемор метавонад ба андозаи 10 сол пир шавад. Нафароне, ки прогерия доранд, базӯр то синни наврасӣ зиндагӣ мекунанд. Бештари онҳо дар 13-солагӣ мефавтанд.

Дар тамоми ҷаҳон 350 ҳолати прогерия ба қайд гирифта шудааст. Бори нахуст ин бемориро олими бритониёӣ Ҷонатон Хатчинсон дар соли 1886 шиносоӣ карда буд, сипас олимоне чун Гастингс Гилфорд ва Отто Вернер ба ташхиси беморӣ машғул шуданд.

Ҳамин тавр, номи дувуми беморӣ синдроми Хатчинсон- Гилфорд дар кӯдакон ва синдроми Вернер дар калонсолон (нишонаҳояш дар синни 14-18-солагӣ ошкор мешавад) гардид.

Усулҳои хоси терапияи прогерия таҳия нашудаанд. Кӯмаки тиббӣ ба чунин беморон танҳо барои рафъи нишонаҳои беморӣ расонида мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД