Arzon march 2024
Духтарамро дар Русия ба шавҳар дода ба ғаму дард печидам
1329
no-img


Салом ҳамватанони азиз! Солҳост, ки мо оилавӣ дар шаҳри Красноярск зиндагӣ мекунем.

Зиндагиамон дар аввал ором буд, аммо як моҳ пеш духтарамро ба як ҳамватану ҳамдеҳаамон, ки дар Русия буд, тӯй карда додему ба ғаму кулфат гирифтор шудем. Падари домод дӯсти наздикам буд. Мо бехабар будем, ки домод дар ин ҷо шаробхӯр будааст, падараш ин сирро аз мо пинҳон кард. Домоди майхораам баъди се рӯзи тӯй духтарамро таги мушту лагад мегирад. Азбаски қалби духтарам аз хурдиаш иллат дошт, аз зарбаи сахт карахт мешавад. Ҳоло духтарам дар беморхона аст.

Саломатиаш каме беҳтар шуд. Мегӯяд, ки “падар ман дигар бо ин марди шаробхӯр зиндагӣ намекунам”. Домодам баъди ин ҳодиса талхакаф шуда, гӯё шаробро якбора партофтааст. Падараш зорӣ дорад, ки як бори дигар имконият диҳед, то писарам ислоҳ шавад. Аммо ман барои фарзандам месӯзам ва дигар намехоҳам, ки ояндааш бо чунин майхора гузарад.

Хешовандонам мегӯянд, ки хонаи духтаратро вайрон накун, аммо ман мегӯям, ки як бор духтарамро зада, қариб ба марг расонид, дуввум бор дигар ман ӯро халос карда наметавонам. Шумо ҳам тарафдори манед, падарони азиз?

Ш. А.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД