Духтари 23-солаам. Худро таъриф намекунам, вале харидоронам аз мӯйи сарам ҳам зиёданд. Ҳафтае нест, ки ягон кас бо нияти хостгорӣ аз дарамон надарояд. Бовар кунед, омаду рафти онҳо кайҳо ба дилам задааст, мехоҳам якеро интихоб карда, аз ин сару савдо халос шавам, вале ҷавон ба ман писанд ояд, волидонам маъқул намекунанду ба онҳо маъқул шавад, маро хуш намеояд.
Падарам сарватманд аст ва ҳар касро писанд намекунад. «Домоди ман бояд бачаи босаводу кордон ва ҳаматарафа таъмин бошад, бо мошини лексус, мерседес ё ақаллан бо таёта гардад» мегӯяд падарам, вале дар ин замона магар чунин ҷавонро ёфтан кори осон аст?
Дўстдошта надорам, аммо...
Ҳафтаи гузашта ба хонаамон як нафар хостгорӣ омад. Бача ҳоло донишҷӯ аст, вале бисёр зебою бамаънӣ. Як бор бо ӯ во хӯрдам, ба дилам нишаст. Вале падарам хостгории онҳоро қабул накарда, мағрурона мегӯяд: «Ман духтарамро ба як бомж дода, хору зор карданӣ нестам. Беҳуда кабӯтар бо кабӯтар, боз бо боз нагуфтаанд, ҳар кас бояд пояшро баробари кӯрпааш дароз кунад. Онҳо як пули пучак ҳам надоранд, пагоҳ чӣ мешавад?”. Ҳар қадар модарам мефаҳмонад, ки ҷавон дипломашро гирад, ягон ҷойи нағз кор мекунад, ҳама чиз ба маҷрои худаш медарояд, вале падарам “ман духтарро ба шавҳар дода, як умр аробаи зиндагии домодро кашиданӣ нестам. Домоди ман бояд марди ҳақиқӣ бошад!” мегӯяд ва барои ман аз фарзандони ҷӯраҳояш шавҳар мекобад. Вале ман писарони ҷӯраҳои падарамро хуш надорам. Аксарият пулмаст ҳастанд. Онҳо пулу мол, давлату сарват, ҳама чиз доранд, вале одамгарӣ надоранд. Аксарияташон духтарбозу нашъаманданд, занро барои очаашон ҳамчун хизматгор гирифта, худашон дар оғӯши хонумҳои кӯчагӣ кайфу сафо карда мегарданд.
Намехоҳам бо чунин ҷавон риштаи тақдирамро пайваста, як умр дар қафаси тиллоӣ гириста шинам.
Мехоҳам ба падарам фаҳмонам, ки ризқро Худованд медиҳад, на бандааш, баъдан пулу мол не, одаму одамгарӣ дар зиндагӣ нақши муҳимро мебозад. Ягон кас аз гуруснагӣ намурдааст, ки ман дар хонаи шавҳарам аз бенонӣ мурам, вале забонам намегардад. Шарм медорам.
Хонандагони азиз, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ тавр ба падарам фаҳмонам, ки ҳамин ҷавон ба ман писанд асту бахтамро нагардонад?
ФАРИЗА, ш. Хуҷанд