arzon replenishment
Духтарам душманам шуд
10.04.2022
Оила
2720

Палонҷам духтарамро душманам кард…
Модарам ҳамеша мегуфтанд, ки ту аз ҳад зиёд раҳмдиливу аз рӯйи ин хислатат азоби зиёд хоҳӣ дид. Ҳайрон мешудам, ки наход раҳмдилӣ, ки сарчашмааш имондорист, маро дар зиндагӣ азоб диҳад, ба гапи модарам даст меафшондам, вале баъдтар ба қадри суханҳои он кас расидам…

Талхиҳои кӯдакӣ
Модарам бо ду духтар бева мондааст, шавҳараш дар дарё ғарқ мешавад ва ҷасадашро пайдо намекунанд.Чун ӯ духтари ягонаи бибиву бобоям будааст, ба хонаи падар бармегардад. Ман сесола ва хоҳарам якунимсола будааст, ки бепадар мондем. Модарам даҳ сол бе шавҳар мегардад, дар фермаи чорводорӣ говҷӯш шуда кор мекарду зиндагии ману хоҳарам ва падару модари пирашро пеш мебурд. Чун бибию бобоям пайи ҳам оламро тарк карданд, модарам маҷбур ба шавҳар баромад. Ӯро марде ба занӣ гирифт, ки бо ҳамсараш понздаҳ сол зиста, соҳиби фарзанд нашуда буд. Шояд падарандарам безурриёт буд, ки аз модари ман ҳам соҳиби фарзанд нашуданд, вале ин мард моро мисли духтарони худаш дӯст медошту тарбия мекард. Ӯ дар колхоз ронанда шуда кор мекард, модарам низ дар касбаш соҳиби обрӯву эътибор буд, хулоса мо зиндагии хубе доштем.

Падарандарам ману хоҳарамро баъди хатми мактаб ба омӯзишгоҳи тиббӣ дохил кард. Ман як сол пештар хатм карда баргаштаму дар беморхонаи деҳа ба кор оғоз кардам. Дар шафати беморхона мактаб воқеъ буд ва муаллими ҷавоне аз деҳаи ҳамсоя ба ман ошиқ шуда, хостгоронашро фиристод. Падару модарам волидони он ҷавонро хуб мешинохтанду ба издивоҷи мо розӣ шуданд.

Сулаймон ҷавони қоматбаланди зебо ва мадание буд, пас аз гузаронидани маъракаҳои пеш аз тӯй ҷашни висоли мо барпо гашту маро бо шукӯҳу шаҳомати тоҷикона ба хонаи бахтам гусел карданд.

Келин не, духтар
Хусуру хушдоманам ду писар доштанд ва то тӯйи мо ба писари калонияшон хона сохта, зиндагии ӯро ҷудо карда буданд. Келини аввалашон аз оилаи сарватманд буду он қадар ба хусуру хушдоманам меҳрубон набуд, ҳеварам низ бо садои доираи занаш рақс карда, ба волидонаш кам таваҷҷуҳ мекард. Ман аз рӯзи аввали ба ин хонадон қадам ниҳодан хусуру хушдоманамро дӯст доштам. Онҳо инсонҳои меҳрубоне буданд, хусурам намегузошт, ки ман ба гову мол ва корҳои замин наздик шавам. Вале ман вақти холие меёфтам, медавидам ба ёрии эшон…


Номам дар забони хусуру хушдоманам духтарҷон буд. Хусурам беҳтарин мева, сабзавоти ширину серобро барои ман канда, ҷое мегузошт. Хушдоманам сарширу ҷурғоту маскаро дар пиёлаҳаке ба номи ман гирифта пинҳон мекард. Баъзан Сулаймон ба шӯхӣ мегуфт, ки ту падару модарамро аз ман кашида гирифтӣ. Ман ҳам ин меҳрубониҳоро беҷавоб намегузоштам, чун аз пухтану дӯхтан огоҳ будам, кӯшиш мекардам барои аҳли оилаи хурду меҳрубонам хӯрокҳои лазиз тайёр намоям. Ҳамин ки маошамро гирифтам, нисфи росташро ба дасти хусурам медодаму ба боқимондааш барои рӯзгор ягон чизи даркорӣ мегирифтам ё матое харида, барои хушдоманам курта медӯхтам, барои хусурам куртаву пойафзол ё чизи дигар мехаридам. Онҳо ҳамеша дуои ҷони маро мекарданд, аммо бахт омад накунад, дуои хуб ба гӯши Худованд намерасидааст…


Ниҳоли бесамар
Аз зиндагии ширини мо панҷ сол пушти сар шуд, вале мо фарзанддор намешудем. Ҳамроҳи Сулаймон ба Маскав рафтем, табибон гуфтанд, ки то ҷудо нашавед, соҳиби фарзанд намешавед. Пас аз ин ҳам як соли дигар дуохониву давои тоҷикӣ кардем ва оқибат қарор додем, ки ҷудо мешавем..
Чӣ рӯзи сангине буд, гӯё ман мурда бошам, хушдоманам нолаҳои зор мекард, хусурам низ дар як гӯшаяки долон ашк мерехт. Ҳоли падару модарам аз онҳо бадтар буд. Ман дигар ин мотамро дидан нахоста, гуфтам, ки агар Сулаймон розӣ шавад, аз хонаи бачаҳо кӯдакеро ба фарзандӣ мехонему ҷудо намешавем. Хушдоманам “ман розӣ” гӯён, маро аз оғӯшаш сар намедод, вале Сулаймон андешаманд гуфт:
-Дилоро, аз ҳардуи мо фарзанд мешавад, пас чаро мо бояд аз ин шонс истифода накунем. Кӯдаки мардум аз мардум аст, як рӯз не як рӯз мефаҳмад ва аёми пириҳо саргардон мешавем.

Мо ҷудо шудем, дар ҳолати бади рӯҳӣ қарор доштам, модарам тасаллоям медод. Падарандарам насиҳатам мекард, хостгорон бошанд, остонаи хонаамонро охурча карда буданд. Ман шавҳар кардан намехостам, вале дар кӯчаҳои деҳа қадам задан бароям хеле вазнин буд. Боре кампири ҳамсояамон холаи Моҳбону, ки як умр бо шавҳараш бефарзанд зиста буданд, маро ба хонааш даровард. Сари дастархони пурнуқлу навои кампирак сӯҳбати дардноке сурат гирифт, кампири Моҳбону гуфт:
-Дилорои ҷон, холат садқаи хушрӯгиҳоят шавад.

Сулаймони ту мард будааст, ки ба зиндагиятон нуқта гузошт. Шавҳари раҳматии ман медонист, ки худаш безуриёт асту аз ман фарзанд мешавад, вале маро сар надод. Худам як саҷираи бекасу кӯйи дар зери зулму шиканҷаи амак ба воя расида будаму куҷо рафтанамро намедонистам. Ҷавонӣ дар як мижжа задан мегузараду он гаҳ пушаймон мешавӣ, ки дигар суде надорад. Шавҳар кун, соҳиби фарзанд мешавӣ ва ин шару шӯру ишқу дӯстдорӣ, ки ба нохуни фарзанд намеарзад, фаромӯш хоҳад шуд, -кампир оҳе кашиду илова кард,- аз зиндагии ман панд бигир бачам, танҳову зор дар кунҷаке, шукри ҳамсояҳо ва набераҳои амакам, аз ҳолам ҳамеша бохабаранд.

Аҳли деҳа як пораи нонашонро бо ман мебинанд, аммо бе фарзандӣ дардест гарон….

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД