Sebiston new 2024 october
“ДУХТАРАМ, АЗ ШАВҲАРАТ ҶУДО ШАВ, ХУШБАХТ МЕШАВӢ”, - МЕГУФТ ХУШДОМАНКАЛОН
7677

Бибихон соли 1971 дар деҳаи Ободони ноҳияи Шаҳринав ба дунё омадааст. Ӯ дар оилаи фермер ба воя расидааст. Ин оила то марги падар аз чизе танқисӣ намекашид. Вақте синнаш ба давраи мактаб мувофиқ омад, ӯро ба синфи 1 бурданд. Таҳсили аввалинро дар зодгоҳаш гирифт. Дар дил орзуи табиб шуданро дошт, лекин ...

Бибихон вақте хонандаи синфи 6 буд, падари азизаш ин дунёро тарк кард ва орзуҳои Бибихонро ҳам бо худ хам бурд. Се духтару ҳафт писар аз падар маҳрум монданд. Ӯ дар байни фарзандон аз ҳама калонӣ буд. Ҳама вақт ёвари модару бародаронаш мешуд. Бародарони калониаш, ки оиладор будаанд, кӯшиш мекардаанд оилаи худашонро таъмин кунанд. Ду бародари дигар нав мактабро хатм кардаву ба хизмати ҳарбӣ рафта буданд. Бибихон акнун ягона мададгори модар буд. То баргаштани бародаронаш ӯ фаррошӣ ва дигар корҳои дигари хонаро иҷро карда, ба модараш кӯмак мекард.

Хурсандии деринтизор

Ниҳоят бародаронаш аз хизмати ҳарбӣ баргаштанд. Модараш ба хулосае омад, ки бояд ҳарду писаронашро зан диҳад. Падараш дар вақти зинда будан мехост ба Қосим (писараш) духтари холаи Бибихонро келин кунад. Баъди сари падар модараш ин гуфтаи ӯро ба замин нагузошту Маҳинаро келин кард. Ба бародари дигараш бошад, Раҳима ном духтареро аз ҳамсоядеҳ келин карда, оварданд.

Дере нагузашта ба Бибихон ҳам хостгор омад. Хостгорҳо намояндаи писари холааш буданд. Вақте розигиашро пурсиданд, ӯ гуфт, ки “аз ба бегона хизмат кардан, кори хонаи холаамро кунам, хубтар аст”. Ҳамин тавр, ӯ бо писари холааш оила барпо кард. Шавҳараш ӯро дӯст намедошт, ҳарчанд дар зиндагӣ ягон гуноҳ ё айб надошт. Холаи як замон меҳрубонаш, ки акнун хушдоманаш буд, ба духтар рӯзи хуш намедод.

Падардори бепадар

Баъди як сол Бибихон сохиби духтарчаи зебое шуд. Маҳз ба ҳамин хотир номи ӯро Зебо монд. Падараш ба Зебо тамоман аҳамият намедод. Ғайр аз ин, хушдоману хоҳаршӯҳояш ӯро бад медидаанду пайваста азобаш медоданд. Агар Бибихон чой монад то ҷӯшиданаш ба даруи он пӯчоқи тухмро меандохтанд. Бибихон дар аввал ҳайрон мешуд, ки барои чӣ хушдоману фарзандҳояш, ки барояш бегона нестанд, ин қадар нисбати ӯ бемеҳранд. Онҳо ҳатто бибии бемори худашонро, ки дар хонаашон буд, нигоҳубин намекарданд.

Ҳар вақте Бибихон барои бибӣ хӯрок мебурд, ӯ фақат "духтарам, агар ту аз ин ҷо равӣ, хушбахт мешав, в - агарна не" гуфта, ба духтар таъкид мекард. Бибихон ҳам вақте дид, ки азобҳои хушдоману шавҳару хоҳаршӯяш тамом шуданӣ нест, аз ин гуна оиладориву хонаи шавҳар безор шуд ва духтарчаашро гирифту сӯи хонаи модараш равон шуд.

Сияҳрӯз

Дар ҷомеаи суннатии мо анъанае аст, ки вақте духтар аз хонаи шавҳар гашта меояд, касе дигар ӯро хуш қабул намекунад. Бо Бибихон ҳам айнан чунин ҳолат рух дод. Бародаронаш зан гирифта буданд ва ӯ дар хонаи модараш одами зиёдатӣ метофтӣ.

То 7 - солагии Зебо дар ҷойҳои гуногун кор карда, духтарчаашро оҳиста - оҳиста калон кард. Баъдан, ба ӯ аз шаҳри Турсунзода хостгор омад. Зани марди хостгор аз поезд афтида мурда будааст ва ӯ ду фарзанди ятим дошт. Бибихон, ки худро дар хонаи модар нонхӯри барзиёд медонист, барои идомаи ҳаёт бо ин мард розӣ шуд. Ӯ намедонист, ки дар бахти дуюм низ ӯро зарбаи сахти тақдир интизор аст.

 

Бозии навбатӣ

Вақте Бибихон дуюмбора ба шавҳар баромад, духтарашро бо худ набурд. Зебо дар хонаи бибиаш монд. Дар аввал бачаҳои мард, ки аз модар барои абадӣ ҷудо шуда буданд, модарандарро хуб қабул накарданд. То омадани Бибихон ба ин хонадон авсуни хурдӣ бачаҳои ятиммондаро нигоҳубин мекард. Вақте модари нав омад, ӯ бачаҳоро ба занак зид кард. Бибихон ҳарчанд бо тамоми қувва кӯшиш мекард, ки ба ятимбачаҳо модари меҳрубон шуда, дили онҳоро ба даст орад,. лек дар дохили гирдоби муаммоҳои зиндагӣ натавонист.

Бо гузашти як сол Бибихон соҳиби писарча шуд. Баъди як соли таваллуди ӯ боз як духтарча ба дунё овард. Зебо бошад, дар хонаи бибӣ ва дур аз меҳри модару падар ба воя мерасид. Вақте Зебо ба синфи 4 гузашт, шавҳари Бибихон хост, ки ӯро бо худ ба хона биёрад ва ҳамин хел ҳам кард.

Зебо падари угаяшро ҳамчун падари аслии худ қабул кард. Чун ӯ аз падари худ меҳр надида буд, аз ин мард муҳаббати падариро интизор шуд. Акнун оилаи Зебо сарҷамъ шуд. Ӯ минбаъд падару модар ва бародару хоҳар дошт.

Духтарак падарашро аз таҳти дил дӯст медошт. Мард низ ӯро чун духтари худ қабул кард. Рӯзҳо сол мешуданду зиндагӣ ба маҷрои худ идома дошт. Бачаҳои Бибихон ҳам калон мешуданд. Писари калонии шавҳараш - Юнус баъди хатми мактаб муҳоҷират рафт. Ҳарчанд модараш мехост ба ӯ зан гирифтадиҳад, аммо Юнус муҳоҷиратро интихоб кард.

Хушдоманмодар

Баъди як сол Юнус аз Русия баргашт. Модараш дар тарадуди тӯй шуду аз деҳаи дигари ҳамсоя як духтари зеборо келин кард. Занак келинашро чун духтари худ нағз медид ва доим ба ӯ кӯмак мекард. Баъди як сол келинаш соҳиби писарча шуд. Бибихон набераашро сахт дӯст медошт.

Як руз писару келинаш бо ҳам ҷанги сахт карданд. Занак дар аввал нахост, ки дар байни зану шавҳар дарояд, лекин сухане, ки аз даҳони келинаш баромад, ӯро маҷбур кард, ки ба хонаи онҳо дарояд. Вақте занак дарро кушод, келинаш кӯдакро ба даст гирифта, “ӯро мекушам” гӯён фарёд мезад. Аз ин ҳодиса Бибихон даступохӯрда шуд ва ба таарфи келинаш нигариста, “ин корро накун, бачам” гуфт.

Келини одамкуш

Ин гапи занак ба келин нафорид. Ӯ омада, гулӯи Бибихонро сахт фишурд. Занак нафасгир шуда, аз ҳуш рафт. Тараппаси ба замин афтидани модарро шунавида, бачаҳояш зуд давида омаданд. Вақте диданд, ки авзояш беҷост, ҳамсояашонро, ки ҳамшира буд, ҷеғ задаанд. Ҳамсояи ҳамшира давида омаду ба бинии занак сипирт гузошт, то ӯро ба ҳуш биёрад, аммо ин фоида накард.

Ҳамшира ба писарони занак гуфт, ки ӯро зуд ба беморхона баранд. Хайрият, ки Ёрии таъҷилӣ” тез расида омаду кампир зида монд. Духтурон гуфтанд, ки агар камтари дигар дер мекарданд, Бибихонро аз даст медоданд.

Бибихон дурудароз муолиҷа гирифт. Вақте ӯро аҳз беморхона ҷавоб доданду ба хона омад, писараш бо келинашу наберааш чизу чораашонро ҷамъ карда, аз хона мерафтаанд. Занак ҳарчанд ба пеши пойи келин афтида, ӯро зориву тавалло кард, ки нараванд, аммо ...

Узри баъд аз гуноҳ

Юнус бо оилааш хонаро тарк кард. Ӯ Турсунойи хоҳарашро ҳам бо худ бурд, аммо дере нагузашта духтар ба хона баргашта омад. Бибихон аз духтар сахт ранҷида буд, аммо ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ӯро бахшид. Дертар Зеборо ба дӯстдоштааш доданд. Турсунойро ҳам тӯй карданд.

Бибихон ҳоло кампири рӯзгордидаесту дар ҳалқаи набераҳо зиндагӣ дора. Ӯ доим меандешад, ки ин қадар аз одамони атрофаш бадӣ дид. Холаи худаш, ки бо сад ҳавас келинаш карда буду хушдоманаш ҳисоб меёфт, беҳад азоби сахташ дод. Шавҳари дуюмаш одами бад набуд, аммо ятимбачаҳо масхараву таҳқираш мекарданд. Бо вуҷуди ин, онҳоро парасторӣ кард. Ҳарчанд то ҳол аз онҳо хубӣ намебинад, лекин асло аз некӣ кардан ба фарзанди одам монда намешавад. Шиораш дар зиндагӣ ҳамеша якранг аст: "Агар бо андешаву ҷаҳонбии васеъ ин дунёро фикр кунӣ, он дар ҳақиқат бароят васеъ мегардад, аммо агар мафкураи тангу фикри сатҳӣ дорӣ, пас ин дунё барои ту танг аст”. Ҳамин аст, ки занак дили кушоду дасти сахо дорад...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД