Духтараки забондону чилҳунар
144

Меҳринисо Рофиева тарроҳ, рассом ва кашидадӯз буда, ҳамзамон дар Литсейи касбии техникии шаҳри Истаравшан аз рӯйи ихтисоси тарроҳӣ ба ҳунаромӯзон дарс медиҳад. Тарроҳи ҷавону муваффақ дар либосҳои офаридааш асосан аз нақшу нигори миллӣ истифода мебарад. Ҳамзамон, дар либосҳояш мавзеъҳои таърихиву сайёҳиро тавассути риштаҳо медӯзад.

Ин навбат мухбирамон бо Меҳринисо Рофиева ҳамсуҳбат шуда, атрофи фаъолияти эҷодиву ҳунарии ин бонуи ҳунар қисса кард.

Меҳринисо Рофиева аз хурдӣ ба ҳунари дӯзандагӣ шавқу рағбати зиёд дошт. Аз ин рӯ пайваста назди модар менишасту аз матоъпораҳо барои лӯхтак либосҳои гуногун медӯхт. Инчунин дастурхону болишт ва курпаву курпачаҳои қуроқӣ омода мекард. Дастгирии пайвастаи модар ва шавқу рағбати ботинӣ боис гашт, ки ӯ ба олами ҳунар рӯй орад ва яке аз тарроҳони муваффақ гардад.

Аз ин рӯ, қаҳрамони мо тасмим гирифт пас аз хатми мактаб роҳи интихобкардаашро идома дода, дар Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан дар ихтисоси тарроҳӣ таҳсил намояд.

"Солҳои таҳсил бароям давраи ҷустуҷӯ, омӯзиш ва шаклгирии ҷаҳонбинӣ буданд. Ман аз Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан на танҳо усулҳои муосири тарроҳиро омӯхтам, балки ба омӯзиши амиқи нақшу нигори миллӣ пардохта, рамзҳои анъанавӣ ва маънои онҳоро аз худ кардам. Зеро ҳар як либоси миллии мо, нақшу нигори мо, сӯзаниву гулдӯзиҳои мо дар худ рамзу маъноеро таҷассум мекунанд. Мо тарроҳон муваззафем, ки чунин нақшҳоро ҳифз карда, вориди мӯди ҷаҳонӣ созем",- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Пас аз дохил шудан ба Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ, истеъдоди ӯ боз ҳам равшантар гашт. Меҳринисо дар давраи таҳсил яке аз беҳтарин донишҷӯён буд, ҳамеша дар озмунҳои дохили коллеҷ фаъолона иштирок мекард ва кӯшиш менамуд, ки корҳои худро ба таври шоиста муаррифӣ намояд. Барои ӯ ҳар як намоиш қадаме ба сӯи худшиносӣ ва такмили ҳунар буд ва кӯшиш мекард тарҳи либосҳои нав ба навро омода созад.

Тарзи либосҳои офаридаи Меҳринисо Рофиева аз дигар либосҳо бо истифодаи кашидадӯзӣ, рангҳои табиӣ ва тасвири мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон фарқ мекунад. Қаҳрамони мо дар баъзе либосҳои дӯхтааш манзараҳои Истаравшанро бо риштаҳо кашидадузӣ кардааст. Яке аз онҳо Қалъаи Муғ аст, ки бо маҳорати баланд дӯхта шудааст. Ба гуфтаи тарроҳи ҷавон, ин нишонаи эҳтиром ба таъриху фарҳанг буда, барои муаррифии мавзеъҳои қадима мусоидат мекунад.

Меҳринисо Рофиева қариб 7 сол мешавад, ки ба дӯзандагӣ машғул аст. Ӯ ҳамчунин аз уҳдаи офаридани апликатсияҳои гуногун низ мебарояд. Апликатсияҳои офаридаи Меҳринисо пурра ба инъикоси либосҳои миллии тоҷикона бахшида шудаанд. Аксарият вақте апликатсияҳои ӯро мебинанд, фикр мекунанд, ки қаҳрамонҳои асар воқеиянд.

Меҳринисо танҳо дӯзандаву кашидадӯз, зардӯзу гулдӯз нест, балки ӯ забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ, ӯзбекӣ, англисӣ ва кореягиро низ хуб медонад. Ӯ бар он бовар, аст, ки донистани забонҳои хориҷӣ барои боз ҳам муаррифию ҷаҳонӣ кардани ҳунарҳои мардумӣ кумак мекунад. Қаҳрамони мо мехоҳад либосҳои қадимаи тоҷикиро вориди мӯди ҷаҳонӣ созад.

“Дар замони бархӯрди тамаддунҳо ҳифз кардани фарҳанги хеш вазифаи ҷониву имонии на танҳо аҳли ҳунар, балки тамоми мардум аст. Имрӯзҳо тарроҳони ҷаҳонӣ бо таҳияи либосҳои гуногун ба фарҳанги либоспӯшии мо таъсир мерасонанд. Бояд мо низ бо афзудани теъдоди либосҳои миллии тоҷикона бозори дохилии худро пур созем ва либоси миллии тоҷикиро вориди мӯди ҷаҳонӣ намоем”,- иброз дошт ҳамсуҳбати мо.

Дар баробари фаъолияти эҷодиву ҳунарӣ, Меҳринисо Рофиева ҳамчун омӯзгор дар Литсейи касбии техникии шаҳри Истаравшан фаъолият мекунад. Ӯ ба ҳунаромӯзон на танҳо ҳунари тарроҳиро меомӯзонад, балки муҳаббат ба ҳунар ва эҳтиром ба мероси миллиро талқин менамояд.

"Кӯшиш мекунам ба шогирдонам фаҳмонам, ки ҳунар танҳо касб нест, балки роҳи худшиносист. Агар онҳо бо меҳру муҳаббат бо касби доштаи хеш кор кунанд, ҳатман муваффақ мешаванд. Зеро ҳеҷ гоҳ соҳибҳунар хор намегардад",- таъкид мекунад ҳамсуҳбати мо.

Нақшаҳои ояндаи ин тарроҳи ҷавон зиёданд. Ӯ мехоҳад коллексияҳои нав ба навро омода намояд ва барои рушду нумӯи ҳунарҳои миллӣ, хоса тарроҳии миллӣ саҳми хешро гузорад.

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД