goodwell
Духтараки 12-солаи бедаракшуда пайдо гардид
21.08.2026
Oila.tj
79

Мадамонзода Фарида, сокини 12-солаи шаҳри Душанбе, ки чанд рӯз боз бедарак буд, пайдо карда шуд. Дар ин бора мақомоти корҳои дохилӣ хабар додаанд.

Гуфта мешавад, ки Фарида дар натиҷаи коркардҳои оперативӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Сино дар ҳамкорӣ бо кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ пайдо шудааст.

Зимни санҷиш маълум шудааст, ки духтар таҳти тарбияи холааш қарор дошта, модараш дар хориҷи кишвар зиндагӣ мекунад. Ба иттилои мақомот, Фарида аз беназоратӣ истифода бурда, мунтазам ба оворагардӣ ва талбандагӣ машғул мешудааст. Қаблан низ ӯ чанд маротиба бедарак шуда будааст.

Дар робита ба ин ҳолат маводи зарурӣ тартиб дода шуда, санҷиши пешакӣ идома дорад.

Мақомоти корҳои дохилӣ аз шаҳрвандон даъват кардаанд, ки ба хабарҳои носаҳеҳ ва наворҳои беасос бовар накунанд ва онҳоро паҳн насозанд.

Ҳамзамон таъкид шудааст, ки нисбат ба шахсоне, ки бо нашри маълумоти носаҳеҳ боиси ба миён омадани ихтилоф дар байни шаҳрвандон мешаванд, дар доираи қонун чораҳои дахлдор андешида хоҳанд шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД