Formula novemver 2024
Духтар аз тарси акааш телефонро фурӯ бурд
829


Ҷанҷоли бародар ва хоҳар бар сари телефони мобилии чинӣ дар ноҳияи Бҳинд дар Мадҳия Прадеш, боиси фурӯбарии телефон гардид. Дар ин бора нашрияи The Times of India хабар додааст.

Духтари 18-сола барои хотима додан ба баҳс дастгоҳро фурӯ бурдааст. Дере нагузашта духтарак дарди шадиди шикам ва дилбеҳузурӣ эҳсос кардааст. Баъди ин ӯро фавран ба беморхонаи Ҷаярогя (JAH) дар Гвалиор интиқол додаанд. Табибон як қатор ташхисҳо, аз ҷумла томографияи компютерӣ, рентген ва ултрасадо гузарониданд.

Дар натиҷа баъди ду соати амалиёти пуршиддат ба онҳо муяссар шуд, ки телефонро аз бадани духтарак берун кунанд.

Доктор Кушваҳа мегӯяд, сарфи назар аз мушкилоти ҷой дошта, амалиёт бомуваффақият анҷом ёфт. Айни ҳол вазъи саломатиии духтар мӯътадил арзёбӣ мешавад. Интизор меравад, ки ӯ ба зудӣ шифо меёбад.


Доктор Кушваҳа, ки таҷрибаи кории 20-сола дорад, изҳори ҳайрат намуда, гуфтааст, ки дар тӯли фаъолияти кориаш ҳеҷ гоҳ бо чунин ҳодиса дучор нашуда буд.
Доктор ба волидайн таъкид кардааст, ки пеш аз таъмини наврасону ҷавонон бо чунин дастгоҳҳо тарзи истифода, хатарҳо ва масъулияти онро ба фарзандонашон фаҳмонанд ва эҳтиёткор бошанд.
Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД