Formula novemver 2024
ДУГОНААМ ШАВҲАРАМРО ГИРИФТ
13.07.2020
Дилошӯб
4965

 

Дар хонаводаамон ман духтари калонӣ будам. Аз паси ман ду хоҳару ду додарам ба дунё омаданду маро ба дояи беминнат мубаддал сохтанд. Дар баробари модарам меҷунбидам, синфи ҳафт будам, ки аллакай тамоми кору бори рӯзгорро саришта карда метавонистам, ғайри нонпазӣ.

Дар синфи ҳаштум ман хамир мекардаму онро кандаю зувола гирифта, танӯрро метафсондам ва модарам онро мечаспонду меканд. Дар баробари ин ҳама аъло мехондам ва бо хоҳарону додаронам бо шавқ дарс тайёр мекардам.

Модарам ба хондани ман зид буданд, аммо падарам, ки як умр ронандагӣ карда, бори вазнини зиндагиро мекашиданд, маро руҳбаланд мекард. Падарам ҳамеша таъкид мекарданд, ки худам нахондаам бас, даркор шавад, хонаамро мефурӯшаму фарзандонамро мехононам. Пас аз хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳоямро ба Донишгоҳи омӯзгорӣ супоридаму бо дониши худам донишҷӯ шудам….

Зиндагӣ дар шаҳр

Барои мани деҳотӣ зиндагӣ дар шаҳр хеле гарон афтод. Азбаски модари ботақвоям моро дигаргуна тарбия карда буданд, дар байни духтарони ҳамсабақам чун зоғи ало менамудам. Куртаҳои остиндарозу васеи миллӣ мепӯшидаму мӯйҳоямро майдабофӣ карда, рӯймол мепӯшидам, аммо аз ҳама аълохон будам.

Устодон дӯстам медоштанду писарони ҳамсабақам ба ман мисли хоҳарашон муносибат мекарданд. Бо духтарони дигар шӯхиҳои беодобона карданӣ шаванд, агар ман дар пешашон бошам, истиҳола менамуданд. Дар хобгоҳ хизматгори ҳама будам.

Писарон хоҳиш мекарданд, ки "хоҳарҷон, ҳамин либосҳои моро дарзмол ё кӯтоҳу танг намо, тугмаи афтодаашро дӯз" ва ғайраҳо. Ин корҳо бароям ягон душворӣ надошт ва онро аз таҳти дил иҷро мекардам. Оҳиста - оҳиста барои ҳама худӣ шуда мондам.

Аз ҳисоби духтарон як дугона доштам - Парисо. Ӯ аз ҳамсояноҳияи мо буд, вале ба донишгоҳ дохил шуда, умуман либоспӯшию гашту гузорашро дигар кард. Падараш мансабдори соҳаи савдо буду ӯ гул хӯрда, гул мепӯшид. Мо чанд бор ба хонаи онҳо рафтему ӯро низ ба хонаамон бурда будам.

Парисо дар оилаашон як духтар буда, маро ба ҷойи хоҳараш қабул намуда буд. Ӯ бисёр мехост маро низ «маданию бофарҳанг» кунад, аммо ман бо ақли худам кор мекардам.

Ҳамкурси нав

Солҳо пайи ҳам мегузаштанду мо низ калонтар мешудем. Дар курси панҷум роҳбари гурӯҳамон ҷавони қоматбаланди зебоеро ба мо муаррифӣ намуда гуфт:

- Ҳамкурси наватон, шинос шавед, Шодӣ Сафар. Аз донишгоҳи Хуҷанд ба ин ҷо гузаштанд.

Шодӣ бо мошини хориҷии зебо дарс омада мерафт. Сару либоси қимматбаҳо, тарзи суханронияш низ аз дигарон фарқ карда меистод. Баъдҳо Назокат, ки барои аз ҳама чиз бохабар буданаш ҳамсабақон «Би-би-си» - аш лақаб дода буданд, хабар дод, ки падари Шодӣ додситон будаасту аслу насабаш аз фалон деҳаи кӯҳистон.

Ҳамаи духтарон барои ҷалб намудани диққати Шодӣ ҷон мекоҳониданд, синфхона ба роҳрави муд табдил ёфта буд. Ҳатто духтарон аз гурӯҳҳои дигар барои ба даст овардани дили Шодии мо мусобиқа мекарданд ғайри ман, зеро хотирам ҷамъ буд, ки ин ҷавонмарди зебо ҳамаро монда, ба мани қишлоқӣ ошиқ намешавад.

Ман дар ҳусну муҳаббат аз касе камӣ надоштам, вале либоспӯшиам мувофиқи замона набуд. Аммо Шодӣ гӯё ин ҳамаро намедид ва дар базми солинавӣ муъҷизае рӯй дод, ки даҳони ҳама нозанинони донишгоҳ воз монд….

Ишқи бачаи раис

Мо барои гузаронидани маъраки солинавиамон, ки охирин дар ҳаёти донишҷӯиямон буд, хона мекофтем, аниқтараш духтарон мекофтанд. Шодӣ ин мушкили онҳоро осон намуда, ҳамаро ба ҳавлиашон даъват намуд. Мо барои зиёфат бояд пул ҷамъ мекардем, ки Шодӣ инро низ манъ карда, гуфт зиёфат аз ҳисоби ӯ мешавад.

Ҳавлии зебои волидони Шодӣ духтарони чизпарасти моро мот кард. Дар дастурхон ғайри шири мурғ ҳамаи чиз пайдо буд. Духтарон он қадар ба сару рӯяшон рангу бор молида буданд, ки баъзеашонро намешинохтӣ. Танҳо ман бе рангу бор, фақат куртаи нави аврупоӣ пӯшида будаму мӯямро оддиякак оро дода, бе рӯймол омада будам. Ҳама ҳамсабақон маро таъриф мекарданд, ки ин қадар сол ҳуснамро пинҳон карда мегаштам.

Шодӣ ҳофизаи машҳуреро низ барои гарм кардани давра таклиф карда буд. Ҳама мерақсиданд, ба ғайри ману Шодӣ.

Шаб аз нисф гузашта буд. Ҳамин вақт ҳофиза суруди зебои халқиеро ба сурудан оғоз карду Шодӣ аз ҳама хоҳиш кард, ки саҳнаро холӣ кунанд ва маро ба рақс кашид. Ман чандин сол нарақсида бошам ҳам, хоҳиши Шодиро рад накарда, ҳамроҳаш рақсидам. Ҳамсабақонам ҳама қарсак мезаданду моро руҳбаланд мекарданд. Суруд ба охир расиду Шодӣ бо ду зону назди ман истода аз ҷайбаш қутии махмалинеро бароварда кушод ва бо овози баланд гуфт:

- Сафина, ҳамсафари умри ман шав!

Ман як ба чеҳраи арақшори Шодӣ, як ба ангуштарии зебо, як ба духтарони карахт ва ба писарони қарсакзан нигариста, намедонистам чӣ гӯям. Баъди сонияи хомӯшӣ худро ба байни духтарон задам ва то субҳ дигар ба рӯйи касе нигоҳ накардам.

Ҷашни висол

Соли нав дигар дар хотири касе набуд. Ҳама дар бори изҳори ишқи зебои Шодӣ ҳарф мезаданд. Духтарон онро як навъ шӯхӣ мепиндоштанд, ман худам бошам Шодиро дар дил мазаммат мекардам, ки маро байни ҳамсабақон масхара кард, вале…

Шодӣ дигар доим аз пуштам чун соя мегашт. Ба ӯ гуфтам, ки мо аз оилаи камбағалем ва арзандаи ту нестам, аммо…

Дар рӯзи Наврӯз волидони Шодӣ ба хонаи мо хостгорӣ рафтанду моро фотеҳа карданд. Оҳиста – оҳиста ба Шодӣ меҳр мондам. Медидам, ки дар ғайбам, ҳатто дар рӯям духтарони талабгори Шодӣ маро масхара мекарданд.

Парисо, ки маро хоҳарам мегуфт, рӯи рост набошад ҳам, бо гӯшонаҳо мефаҳмонд, ки ман ҷуфти арзандае барои Шодӣ нестам, вале ману Шодиро коре ба ин баҳогузориҳо набуд.

Имтиҳони охиринамонро супоридему дар ҳалқаи ёру дӯстон ва ҳамсабақон тӯйи арӯсиамон хеле бошукуҳ баргузор гардид. Шодӣ барои гирифтани маълумоти олии дуввум ба Маскав рафту ман бо хусуру хушдоманам мондам. Дар панҷ соли донишҷӯ будани шавҳарам ду писари нозанинам ба дунё омаданд.

Шодӣ як хоҳару як додар дошт. Онҳоро низ хонадор кардем ва бо баргаштану ба кор даромадани шавҳарам мо ба ҳавлии худамон кӯчидем. То калонакак шудани фарзандонам кор намекардам. Баъд дар донишгоҳе ба ҳайси муаллима ба кор даромада, ба навиштани рисолаи илмӣ оғоз намудам….

Бонуи хушбахт

Зиндагии оилавиям бо хушбахтӣ мегузашт. Хоҳару додаронам низ як - як хонда, пайи зиндагиашон шуданд. Волидайнам ин ҳамаро аз баракати хушахлоқии ман медонистанд, ки роҳи хоҳаронамро ба сӯйи илму маърифат кушодам. Хусуру хушдоманам низ аз ман миннатдор буданду гоҳ дар ҳавлии худашон бо келину писари хурдӣ, гоҳи дигар дар ҳавлии мо зиндагӣ мекарданд.

Шавҳарам дар зинаҳои мансаб боло рафту мо соҳиби давлату сарват гаштем. Ғайри ҳавлиамон боз чанд хона дар биноҳои баландошёна доштем.

Аз ҳамсабақонам гоҳ - гоҳе Парисо ба хонаи мо меомад. Ӯ дар ноҳияашон шавҳар карда буду зиндагии сангин дошт. Баъд дили шавҳарашро ёфта, ба пойтахт кӯч баст. Зану шавҳар бо як духтарчаашон дар хонаи иҷора зиндагӣ карда, дар мактабе дарс медоданд, вале дар шаҳр бо маоши муаллимӣ зиндагӣ хеле душвор буд.

Ӯ акнун зуд - зуд ба хонаи мо меомаду ман ёрмандияш мекардам. Баъд бо шавҳарам маслиҳат карда, ӯро дар як хонаамон роҳ додем, то зиндагӣ карда, кам - кам пул ҷамъ карда, хона харад. Парисо аз ин хеле хурсанд буду дуои ҷони ману Шодӣ ва ду писаракамро мекард. Ман низ хурсанд будам, ки ба апахондам ёриям расид, зеро падару модараш кайҳо вафот карда буданду янгаҳо ба вай рӯйи хуш намедодаанд. Ростӣ, дилам ба Парисои як вақтҳо эрка месӯхт, вале…

Кори наву бори нав…

Баъди кӯчиданаш ба хонаи мо Парисо ба як ширкати тиҷоратӣ ба кор даромаду суперзамонавӣ шуда рафт. Шавҳараш ӯро рашк мекард ва баъди ҷангу ҷанҷолҳои зиёд онҳо ҷудо шуданд. Ҳарчанд ман мехостам, ки оилаашон вайрон нашавад, вале ӯ гӯш накард.

Писарони ман яке донишҷӯ буду дигаре дар синфи ёздаҳ таҳсил мекард. Ба Парисо мегуфтам, ки баҳузур зиндагӣ намову лекин пулатро ҷамъ карда, фикри хона хариданатро аз хотир берун накун. Аммо оҳиста - оҳиста пайи Парисо аз хонаи мо канда шуд. Баъдҳо аз Шодӣ фаҳмидам, ки дугонаам хонаи нав харида, ба он ҷо кӯчидааст.

Ба зангҳои телефонии ман умуман ҷавоб намедод. Аз кӯрнамакии Парисо хафа шуда будам, аммо намедонистам, ки қисмат бо дастони дугонаам бароям чӣ «армуғон»-е тайёр кардааст…

 

Дугонаи шавҳардузд…

Шодӣ ба сафарҳои хидматӣ мерафт, вале доим бо мо ва волидонаш дар тамос буд. Вақтҳои охир ӯ ҳафтаҳо аз хона гум мешуд, ба пурсишҳои ман "кор дорам" гӯён, чашмашро мегурезонд. Бо ман хеле сард шуда буд, аз шавҳари ошиқу меҳрубонам асаре набуд.

Ман аз ин хавотир шуда, ба хоҳаршӯям, ки мисли апаву хоҳар меҳрубон будем, рози дил кардам. Ӯ сабаби дилсардии шавҳарамро пайдо кард. Парисо будааст маъшуқаи шавҳарам. Ман аз Шодӣ пурсидам, ки оё ин рост аст? Ӯ ба чашмони ман нигариста гуфт:

- Парисо маъшуқаам не, зани никоҳиам аст…

Ман на ҷанг кардаму на ҷанҷол. Тамоми либосҳои шавҳарамро ҷамъ карда, ӯро аз хона рондам. Инак, як сол боз ӯ бо апахонди шавҳардузди ман зиндагӣ мекунад, аммо бо ман никоҳи расмӣ дорад…

Ӯ бо писаронам вомехӯрад, аз тамоми пастию баландии рӯзгорамон бохабар аст, ба ҳавлӣ меояд, аммо ман бо ӯ рӯ ба рӯ намешавам. Бо Парисои кӯрнамак ягон бор вонахӯрдаам, ҳатто як ҳарфамро ба ӯ ҳайф накардам.

Баъзе шабон то рӯз мегирям. Ба ман аз хиёнати шавҳарам дида, хиёнати дугонаи нону намакхӯрам сахт расид, дигар ба касеву чизе бовар надорам, зеро шишаҳои боварамро шикастанд…

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД