Афсӯс аз содагию зудбоварии мо, занону духтарони тоҷик, ки ба ҳар касу нокас бовар карда, ҳаёти худро бо дасти худамон месӯзем. Сабаби бозичаи дасти дигарон гаштани мо, занону духтарони тоҷик дар бесаводист.
Вақте аз занону духтарони зиндонӣ мепурсам, ки аз шоирон киҳоро медонанд, бовар кунед 90%-ашон наметавонанд ақаллан номи як шоирро ба забон биёранд. Магар ин бадбахтӣ нест, ки зани тоҷик шоирашро намешиносад, қаҳрамонашро намедонад ва ҳатто номи як олимро ба забон оварда наметавонад?
Хонандагони азиз, шояд шумо гумон кунед, ки ман, як зани зиндонӣ тамоми занҳои тоҷикро паст зада истодаам, вале дар асл чунин нест. Албатта, мо занҳои босаводу хирадманд низ дорем, вале шумораи онҳо камтар аст. Аз ҳамин хотир, бисёр мехостам, ки давлатдорон, роҳбарияти ҳукумати кишвар аз сарҳади Тоҷикистон тани танҳо, бе шавҳар ё падару бародар берун шудани занону духтарони ҷавонро манъ намояд. Ин нақзи ҳуқуқҳои занону духтарон не, танҳо ба хотири ҳимояи онҳо аз афтидан ба доми фиреб аст. Ман ҳамчун як зани зиндонии тоҷик намехоҳам, ки дигар ҳамҷинсонам низ мисли ман фиреб хӯрда, ба азобу ранҷи зиндон гирифтор шаванд, аз ҳамин хотир, чунин пешниҳод карда истодаам. Зани тоҷик, агар мехоҳад кор кунад, бигзор дар Ватан, дар пеши чашми шавҳару бародар, падар, модар ва фарзандонаш кор карда, бегоҳ бо табъи болида, ба назди пайвандонаш баргардад. Беҳуда бузургонамон нагуфтаанд:
Гадо, гар дар Ватан мирад, амир аст,
Амири бе Ватан хору ҳақир аст.
Худованд ба инсон танҳо як бор имконият медиҳад, ки зиндагӣ кунад. Ин умри азизро бояд ба шодмонӣ гузаронд, на бо машаққату ранҷи зиндону азобу дарди ҷонгудози дурӣ аз хонаводаву фарзандон. Хоҳарону модарони азиз! Ба қадри ҳар нафаси озоде, ки мекашед, бирасед, зеро озодӣ ганҷи бебаҳост!
Хонандаи Oila.tj