Formula novemver 2024
ДУГОНААМ БО ТУҲМАТ МАРО ХОНАВАЙРОН КАРД
4355


Бо духтаре, ки чанд хона дуртар аз мо зиндагӣ мекард, риштаи дӯстӣ баста будем. Ӯро чун хоҳарони худам дӯст медоштам ва ба суханонаш эътимоди комил доштам.

Вай медонист, ки ман ба ишқ бовар надораму муҳаббати касеро қабул накардаам ва ҳамеша ба ҷавонписарон бо чашми нафрат менигарам, аз ҳамин сабаб хоҳиш намуд, ки бо писари амакаш издивоҷ намоям, то дӯстиамон устувортар гардад. Дугонаамро, ки сахт дӯст медоштам, ҷавонро надида пешниҳодашро қабул намудам. Пас аз фотиҳа шавҳаршавандаам ба хонаи волидони дугонаам меҳмонӣ омаду ман ӯро бори аввал дар ҳамон ҷо дида, бо як нигоҳ волаю шайдояш гаштам.

Дар баробари зебо будан ахлоқи хуб доштааст номзадам, рафтору гуфтораш диламро чунон гарм намуд, ки ҳазорон бор худоро шукр гуфтам. Фикр мекардам, ки пас аз хонадоршавиамон касе ба хушбахтиам монеъ шуда наметавонад, вале хаёлам хом баромад. Дугонаам баъди тўй ба хушбахтии мо рашк бурда, душман шуда монд. Вай бо зангҳои телефонию тўҳматҳои беасосаш зиндагимро талх намуд. Ба шавҳарам гуфтааст, ки гӯё ман духтари бероҳа будааму баъди шавҳар карданам ошиқонам гиребони ӯро доштаанд, ки арӯсашонро ба писари амакаш додааст. Муноқиша як моҳ давом кард ва оқибат шавҳарам аз ин моҷаро хаста шуда, талоқамро дод.

Бо макри дугонаи рўсиёҳам дар айёми шукуфоии умрам пироҳани сиёҳбахтӣ пӯшидам.

Маќсади нома нигоштанам он аст, ки њамљинсонамро огоњ намоям:
-Ба дугона бовар накунед, ягон дугона дўст намешавад!
Дилрабо, аз ноњияи Њисор

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД