Sebiston new 2024 october
Дуғдоғ "Парандаи сол-2025" эълон шуд
13.12.2024
ОИЛА.ТҶ
263

Имсол ба озмуни “Парандаи сол” даҳ паранда, аз ҷумла бедона, дурроҷи сиёҳ, дуғдоғ, чил, зоғобӣ, доснӯл, иқгуи даштӣ, каргаси ҳимолоӣ, чархресак ва булбули гардансафед пешниҳод гардидаанд.

Бино ба иттилои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аз байни даҳ номгӯй паранда бо 11 овоз дуғдоғ парандаи соли 2025 интихоб шудааст.

Дуғдоғ парандаи хеле беозору зебо буда, дар ҳолати нестшавӣ қарор дорад. Ин паранда дар саҳроҳои Ашту "Бешаи палангон", Зарафшон, поёноби дарёи Кофарниҳон ва Вахшу Панҷ паҳн шудааст. Ҷои зисташ даштҳои санглоху нимбиёбон буда, 2-3 тухм мегузорад ва давоми 21-22 рӯз чӯҷа мебарорад.

Бояд гуфт, ки аз соли 2008 инҷониб дар Тоҷикистон озмуни "Парандаи сол" баргузор мешавад. Масъули он Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буда, яке аз парандаҳои нодири Тоҷикистонро бо мақсади барқарор ва афзун намудани саршумори он парандаи сол интихоб менамоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД