Arzon march 2024
Дучархаи электрикӣ дар Конибодом
1526

Пас аз гарон шудани нархи сӯзишворӣ дар кишвар ва боло рафтани арзиши роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятӣ, Қодирҷон Орипов сокини шаҳри Конибодом барои сарфа кардани маблағи роҳкиро барои худ дучарха ва сечархаи электрикӣ сохтааст. Нақлиёти сохтаи Орипов бо аккамулятор ҳаракат мекунад ва барои то 60 км ҳаракат карданаш, онро зарур аст, ки муддати 4 соат ба қувваи электрикӣ пайваст намуд.
Ихтироъкор 52 сол дорад ва зиёда аз 10 сол аст, ки дар Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Конибодом ба ҳайси роҳбари маҳфили “Радиотехника” кор мекунад. Замони гарон шудани нархи сӯзишворӣ ва арзиши роҳкиро фикри сохтани нақлиёти бе сӯзишворӣ ҳаракаткунанда ба сараш меояд. Ӯ аллакай, аз сокинони Конибодом барои электрикӣ кардани дучархаҳояшон фармоиш қабул карда истодааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД