Бар асари беэҳтиётӣ ва ноуҳдабароии ронандагон боз ду нафар аз беҳтарин неъмат-ҳаёт маҳрум гаштанд. Ин ҳодисаи ҷигарсӯз дар ноҳияи Ванҷ рӯй дода, ду зан зери тракрор монда, ҷон бохтаанд.
Вазорати умури дохилии кишвар аз сар задани як фоҷиаи хунин хабар додааст. Ба иттилоъи манбаъ, санаи 27-уми феврал, тахминан соатҳои 15:30-дақиқа, ронандаи “Трактор”, Бачамардов Чупон Кишварович, соли таваллудаш 1970, сокини ноҳияи Ванҷ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Техарв аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон, Аловакова Ҳалима, соли таваллудаш 1958 ва Муминова Ҳанона Зайналовна, соли таваллудаш 1982, сокинони ноҳияи мазкурро, ки дар канори роҳ аз қафои нақлиёт меистоданд, пахш намудааст.
Дар натиҷа ин ду зан ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.