Кане Уэст, рэпсаро, тарроҳ ва соҳибкори 43-солаи амрикоӣ баъди шаш соли оиладорӣ аз ҳамсараш Ким Кардашян, ҳунарпеша ва модели 40-солаи амрикоӣ ҷудо шудан мехоҳад. Хабаргузории “Новости” иттилоъ медиҳад, ки ҷуфти ҳунарманд тасмими ҷудошавиро моҳи январи имсол гирифтаанд, вале сабаби ҷудо шуданашон то кунун мушаххас нест.
Кане Уэст мехоҳад, ки баъди аз ҳамсараш ҷудо шудан аз шаҳри Лондон хонае бихарад ва минбаъд дар он ҷо зиндагӣ кунад. Ӯ аллакай 500 ҷуфт пойафзол (кроссовки)-и худро аз хонаашон, ки дар шаҳри Калабасаси иёлоти Калифорнияи Амрико воқеъ аст, бо худ бурдааст. Расонаҳо менависанд, ки зану шавҳар барои ин хона 60 миллион доллар масраф кардаанд ва баъди ҷудо шудан Ким мехоҳад, ки хона ба фарзандонаш аз падарашон мерос монад.
Кане Уэст хонаро ба фарзандонаш медиҳад ё не, ҳоло маълум нест. Кане ва Ким ҳанӯз моҳи майи соли 2014 издивоҷ карда буданд ва соҳиби чор фарзанд, ду духтар-Норт ва Чикаго ва ду писар-Сейнт ва Саам мебошанд.