arzon replenishment
Ду орзуи зани аробакаш дар Моҳи Шарифи Рамазон
412
Ду орзуи зани аробакаш дар Моҳи Шарифи Рамазон

Садбарг Раҷабова зодаи ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон буда, ҳаёти талху сангинеро ба сар мебарад.

Ин ҷавонзани азиятдида 4 фарзанди зиндаятим дорад ва беш аз 10 сол боз зиндагиашро бо аробакашӣ пеш мебарад. Дар чунин рӯзҳои сарду боронӣ низ Садбарг партовгоҳ ба партовгоҳ гашта, халтаҳои кӯҳнаи селофанӣ, бақлашка ва оҳанпораю зарфҳои шикастаро ҷамъ мекунад, то ки аз фурӯши партовҳо пули ночизе ба даст оварда, ба фарзандонаш ақаллан як пора нон ёфта диҳад.

3-4 сол қабл мо дар бораи ҳаёти душвори ин зан навори видеоие омода намуда будем. Пас аз пахши навор писарчаи хурдии Садбаргро, ки ҳамон шабу рӯзҳо дар оби ҷӯшон сахт сӯхта буд, ба таври ройгон табобат намуданд, аммо ягон соҳибкори хайрхоҳе пайдо нашуд, ки дасти ин зани азияткашидаро гирифта, фарзандони ятимашро соҳиби сарпаноҳ созад.

Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, акнун писари калониаш ба гапетити С гирифтор шуда, Садбарг Раҷабова маҷбур шудааст, ки боз рӯ ба сомона орад.

Биёед, дарди дили ин занро аз забони худаш мешунавем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД