Arzon march 2024
Ду ҳолати фавт дар натиҷаи ду ҳодисаи нохуш
11.11.2024
ОИЛА.ТҶ
591

Дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ва нодида гирифтани хабари тағйири обу ҳаво ва боронҳои шадид дар кишвар ду ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шудааст.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар, ҳодисаи аввал дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд рух додааст. Рӯзи 8-уми ноябри соли 2024 ба навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додаанд, ки як сокини 27-солаи деҳаи Искодари ҷамоати деҳоти Дар-Дари ноҳияи Айнӣ ба умқи 70-метраи чоҳи кони металлургии Тоҷикистон ва Комбинати коркард сарозер шудааст. Ин шаҳрванд дар натиҷаи ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Наҷотдиҳандагони КҲФ аз минтақаи Зарафшон ба ҷойи фоҷеа сафарбар шудаанд. Онҳо бо истифода аз таҷҳизоти кӯҳгардӣ ба умқи чоҳ поин шуда, ҷасадро берун оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.

Худи ҳамин рӯз, 8-уми ноябри соли 2024, соати 07:00 ба вақти маҳаллӣ сокини 28-солаи деҳаи Сафедҷари ҷамоати деҳоти Нурафшони ноҳияи Лахш ҳамроҳи дӯсташ оҳушикор ба кӯҳ рафтааст. Ин сокин ҳангоми гузаштан аз пайроҳаи кӯҳӣ бар асари намии хок аз баландии тақрибан 400-500 метр лағжида, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Дӯсти ҳамроҳаш инро дида, ба шуъбаи КҲФ дар ноҳияи Лахш занг задааст. Кормандони шуъба ҳамроҳ бо сокинони маҳаллӣ ҷасади марҳумро берун оварда, ба наздиконашон супурдаанд.

Дар робита ба ин, КҲФ бори дигар ба сокинони кишвар муроҷиат намуда, даъват кардааст, ки барои пешгирӣ аз паёмадҳои нохуши обу ҳаво ба огоҳиву ҳушдорҳои Кумита таваҷҷуҳ диҳанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД