arzon replenishment
Ду ҳодисаи нохуши нақлиётӣ дар як рӯз
534

 

25-уми октябри соли 2022, тахминан соати 18:45-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зефира», Усмонов Камолҷон Набиҷонович, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Осимов Пӯлодҷон, соли таваллудаш 1942, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст.

Дар натиҷа, дучархарон Осимов П. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳамзамон, 25-уми октябри соли 2022, тахминан соати 23:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Наимов Алишер Саидович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Ёвон, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Даҳана аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қисмати рости роҳ баромада, ба симчӯби бетонӣ бархӯрдааст. Дар натиҷа, худи ронанда Наимов А.С. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳолатҳо таҳқиқот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД