Arzon march 2024
Ду ҳодисаи ғарқшавӣ дар як рӯз
14.05.2025
Oila.tj
313

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар аз ду ҳодисаи ғарқшавӣ дар як рӯз хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, як ҷавони 22-сола, истиқоматкунандаи муваққатӣ дар кӯчаи ба номи Неъмат Қарабоеви ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо сабабҳои номаълум дар оби рӯди Душанбе ғарқ шудааст. Ин ҳодиса рӯзи 12-уми моҳи майи соли ҷорӣ иттифоқ афтодааст ва сокинони ҷасади ӯро дар мавзеи пули собиқ бозори Султони Кабир дида, ба қисми навбатдории Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар додаанд. Соати 16:24 дақиқа имдодгарони Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе дар ҳайати 5 нафар ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шуда, ҷасадро аз об берун оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.

Бино ба маълумоти бадастомада марҳум сокини ҷамоати деҳоти Баланди ноҳияи Муъминобод буда, муваққатан дар кӯчаи Неъмат Қарабоев, бинои 148, хонаи 17 зиндагӣ мекардааст.

Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, рӯзи 12-уми майи соли 2025, соати 19:15 дақиқа духтари 18-сола, истқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 12, бинои 14, ҳангоми оббозӣ аз беэҳтиётӣ дар рӯди Сир ғарқ шудааст. Хушбахтона, имдодгарони Раёсати КҲФ сари вақт ба ҷойи ҳодиса расида, ин духтари ҷавонро наҷот додаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД