Кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ду ноболиғ - Шифоев А. ва Лоиқов А.-ро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир кардаанд.
Бино ба маълумоти мақомоти корҳои дохилӣ, онҳо 20-уми августи соли ҷорӣ дар кӯчаи Н. Қарабоев як ноболиғро латукӯб намуда, бо истифода аз нерӯи ҷисмонӣ телефони мобилии ӯро ошкоро гирифтаанд. Зимни санҷиш муайян шудааст, ки гумонбарон эҳтимолан ба якчанд ҳолати дигари дуздӣ низ даст доранд.
Вобаста ба ин ҳолат нисбат ба онҳо тибқи моддаи 248-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон - «Ғоратгарӣ» парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.