Formula september
Ду нишони сарисинагии тоҷикон дар хориҷи кишвар
217

Иқбол Бекмуродзода, корманди Палатаи ҳисоби Тоҷикистон барои саҳми арзандааш дар рушди иқтисоди рақамӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, вусъат бахшидани моделҳои нави ҳисобдорӣ ва татбиқи амалии донишҳои назариявӣ, ҳамчунин, барои тафсири пайвастаи соҳа тариқи мақолаҳои илмӣ ва илмӣ - оммавӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон бо медали сарисинагӣ дар самти “Иқтисод ва ҳисобдорӣ” қадрдонӣ шуд.

Дар расми қадрдонӣ зикр гардид, ки Бекмуродзода Иқбол Бекмурод ҳамчун мутахассиси ҷавон пайваста барои такмили малакаҳои касбии хеш талош карда, худро ҳамчун корманди шоистаи соҳа муаррифӣ намуд ва ин нишони сарисинагӣ рамзи эътирофи касбияти ӯст.

Ҳамчунин, Наврӯз Савзаев, роҳбари ҶДММ “Садои Дӯстӣ” низ ба унвони як соҳибкори муваффақ ва ҳуқуқдону донишманд, ки корҳои назаррасеро дар самти муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имкониятҳои сайёҳиву ҷаҳонгардии он ба шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ анҷом дода, дар бунёди як силсила марказҳои хизматрасонӣ, ошхонаву тарабхонаҳо саҳм дорад, дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо нишони сарисинагӣ дар самти “Соҳибкорӣ” қадрдонӣ шудааст.

Бояд гуфт, ки соҳиби медал гаштани мутахассисону соҳибкорони мо дар кишварҳои хориҷ аз ҷониби ташкилоту ассотсиатсияҳои гуногун, пеш аз ҳама, самараи Истиқлол ва фазои мусоиди соҳибкорию сармоягузорӣ аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД