Arzon march 2024
Ду намояндаи Тоҷикистон сазовори ҷоизаи “Лидер СНГ“ шуданд
08.11.2024
Оила.Тҷ
1057

Самандар Суннатзода, роҳбари тарабхонаи миллии “Бухоро” ва Озодхон Давлатшоев, директори генералии ширкати мобилии “Tcell” бо ҷоизаи байналмилалии “Лидер СНГ” сарфароз дониста шуданд.

Гуфта шуд, ки нишони сарисинагӣ ва ҷоиза бо ғолибон барои саҳмгузорӣ дар рушди иқтисод ва татбиқи технологияҳои муосир дар қаламрави ИДМ, пешниҳоди маҳсулоти беҳтарин ва босифат, хизматрасоиҳои муосир, инчунин, малакаи баланди роҳбарӣ ба мудирони ширкатҳои бонуффузи кишварҳои узви ИДМ тақдим мегардад.

Ба ду намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоизаҳо дар вазъияти тантанавӣ тақдим гардида, қайд гардид, ки дар фазои соҳибкории мамлакат ширкатҳои мазкур аллакай ҳамчун бренд муаррифӣ шуда, имрӯз таваҷҷуҳи шумораи бештари мухотабони дохилу хориҷ, махсусан сайёҳонро ҷалб кардаанд.

Ба зикри масъулин, тарабхонаи «Бухоро» яке аз 5 беҳтарин муассисаи хидматрасонии тарабхонаҳо дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе буда, тӯли фаъолияти худ кӯтоҳ тавонист муштариёнашро бо таомҳои лазизу нотакрор ба ҳайрат оварад.

Ба иттилои масъулини Комиссияи ҷоизаи “Лидер СНГ” тарабхонаи “Бухоро” чанд маротиба дар озмуни «Беҳтарин тарабхона дар шаҳри Душанбе», ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади рушди соҳибкорӣ, дастгириву ҳавасмандгардонии соҳибкорон, беҳтаргардонии сифати хизматрасонӣ ва муаррифии фарҳанги меҳмоннавозӣ роҳандозӣ шудааст, сазовори ҷойи аввал ва унвони “Беҳтарин тарабхона”-ро гирифтааст. Тарабхона, инчунин, дар номинатсияи “Беҳтарин хӯроки хоси тарабхона” низ ғолиб дониста шудааст.

Инчунин, қайд гардид, ки Тcell яке аз бузургтарин ширкатҳои мухобиротӣ дар Тоҷикистон буда, аз саҳми худ дар рушди иқтисоди рақамии Тоҷикистон ва кишварҳои узви ИДМ ифтихор мекунад ва саъй дорад, ки бо пешниҳоди хидматҳои пешрафтаи иртиботӣ ва ҳалли инноватсионӣ навовару пешоҳанг бошад.

Таъкид шуд, ки ширкат ҳамарӯза шабакаашро тақвият дода, технологияи муосирро роҳандозӣ менамояд, фаъолияти иҷтимоӣ ва навоварона (иноватсионӣ)-ро марҳила ба марҳила беҳтар месозад. Ширкат, инчунин, дар чаҳорчӯби фаъолияти иҷтимоиаш ба бахши соҳибкорӣ низ таваҷҷуҳи зарурӣ медиҳад ва саҳми худро дар пешрафти иқтисоди кишвар мегузорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД