Аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт ду ҳолати машғул шудан ба фолбинӣ ва сеҳру ҷоду муайян карда шудааст.
Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар ш. Душанбе, аз ҷумла, кормандони Шуъбачаи сайёҳии милитсияи пойтахт зимни машғул шудан ба фолбинӣ шаҳрванд Шуляк Тамара, сокини 63-солаи шаҳри Душанберо дастгир намудаанд. Номбурда муддати тӯлонӣ ин амалро пешаи худ намуда, онро ба василаи ба даст овардани манфиати молиявӣ табдил дода будааст.
Ҳамчунин, кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ шаҳрванд Алмамадов Гулмамадро низ ҳангоми машғул шудан ба фолбинӣ дастгир намудаанд.
Нисбати номбурдагон бо моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбати ҳар кадоме ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 80 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 6ҳазор сомонӣ таъин карда шудааст.