Ду корманди "Почемучка" ба 5 ва 6 соли зиндон маҳкум гардидаанд
05.12.2025
Oila.tj
118

Суди ноҳияи Синои пойтахт дар пайванд ба марги Судайси дусола, ки дар як кӯдакистони хусусии Душанбе фавтида буд, ду корманди ин муассисаро ба 5 ва 6 соли зиндон маҳкум кардааст.

Тавре расонаҳо хабар медиҳанд, Рухшона Исматуллоева, мудири кӯдакистони хусусии "Суолу ҷавоб" ё "Почемучка" 6 сол ва Боғигул Раҳимова - мураббияи кӯдак 5 сол ба зиндон маҳкум шудаанд. Аммо ҳоло онҳо дар боздошт нестанд ва гуфта мешавад, бо назардошти он ки айбдоршавандаҳо кӯдакони ноболиғ доранд, суд иҷрои ҳукмро то 8-сола шудани фарзандонашон ба таъхир гузоштааст. Назари волидони кӯдаки фавтида ба ҳукми суд маълум нест.

Ёдовар мешавем, ки Судайси дусола рӯзи нуздаҳуми май дар кӯдакистони "Суолу ҷавоб" ба ҳалокат расид. Навори ҷон кандани кӯдак, ки дар панҷараи рахти хоб овезон ва банд монда буд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокуниши зиёде ба миён овард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД