35 years of independency
Ду кӯдаки 5-соларо дар нимашаб бо дасту пойҳои баста пайдо карданд
18.09.2026
Oila.tj
340

Дар ноҳияи Муъминобод нисбати ду ноболиғи соли таваллудашон 2021 кирдори ғайриқонунӣ содир шудааст. Навори пайдо шудани кӯдакон бо дастони баста дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардида, боиси вокуниши корбарон шудааст.

Бино ба маълумоти ШВКД дар ноҳияи Муъминобод, ноболиғон Суҳайбаи Рамзиёр ва Киромиддини Наҷибулло, сокинони деҳаи Чашмаи Ҷӯшони ҷамоати деҳоти Тутиён мебошанд.

Дар пайи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гумонбар дар содир намудани ин кирдор Лангаршозода Рабонӣ Сайёд, соли таваллудаш 2007 ва сокини ҳамин деҳа муайян ва дастгир шудааст. Тибқи маълумоти пешакӣ, гумонбар ноболиғонро 16-уми сентябри соли 2026 бо баҳонаи гирифтани себу ангур аз боғ ба мавзеи Ғори Мушкирон бурдааст. Сипас, бо истифода аз банд дасту пойҳои онҳоро баста, ба гуфтаи мақомот, латукӯб ва таҳдиди куштан кардааст.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегӯянд, ки тибқи маълумоти пешакӣ гумонбар дорои мушкилоти равонӣ мебошад. Ҳоло ҳолати равонии ӯ мавриди ташхис қарор дошта, тафтишот оид ба қазия идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД