Formula novemver 2024
Ду ҷинояткор дар СИЗО худро ба дор овехтанд
1654


Ду мард, ки дар таҷовуз ба номуси як духтари ноболиғи 14-сола гумонбар дониста шуда дар ҳабси пешакӣ қарор доштанд, даст ба худкушӣ задаанд.

Ҷасади ин ду зиндониро шаби 3 ба 4-уми декабр дар СИЗО ё боздоштгоҳ дар ҳоле пайдо намудаанд, ки ба дор овезон буданд.

Ин ду мард дар ҷинояти хеле вазнину нанговар-таҷовузи гурӯҳи ба номуси як духтари ноболиғи 14 сола гумонбар дониста шуда, дар ҳабси пешакӣ нигоҳ дошта мешуданд.

Ҳанӯз ҳукми додгоҳ нисбати таҷовузгарон, ки 4 нафар будаанд, содир нагашта буд, вале тахмин меравад, ки ин ду зиндонӣ ба шармандагӣ ё азобу шиканҷа тоб наоварда, даст ба худкушӣ задаанд.

Ҳодиса дар вилояти Бодканди Қирғизистон рӯй дода, ҷасади ба дор овезони зиндониёнро дар Сизои шаҳри Ӯш пайдо намудаанд.Тавре ки Бомдод дар такя ба нашрияи Кактус менависад, гумонбарон дар таҷовузи мудҳишу нангини гурӯҳи ба номуси духтари ноболиғи14 –сола 4 нафар будаанд, вале тафсилоти дигари ҳодиса ва тақдири ду гумонбари дигари ин ҷиноят маълум нест.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД