Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар аз ду ҳодисаи ғарқшавӣ хабар дод, ки яке аз ғарқшудаҳо ҳамагӣ ду сол доштааст.
Бино ба иттилои манбаъ, 6-уми августи соли ҷорӣ ба Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар расидааст, ки дар маҳаллаи Чимтеппаи ноҳияи Фирдавсӣ, дар ҳавзи “Мехкарер” нафаре ҳангоми оббозӣ ғарқ шудааст.
Ба ҷойи ҳодиса ғаввосони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе фиристода шудаанд. Дар натиҷаи роҳандозии амалиёти ҷустуҷӯву наҷот соати 18:36 дақиқа ҷасади ғарқшуда аз об берун оварда шудааст.
Маълум гардидааст, ки марҳум як сокини 19-солаи маҳаллаи Гипроземи ноҳияи Синои пойтахт буда, дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ғарқ шудааст.
Ҷасад ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои ташхис супурда шудааст.
- Инчунин, 6-уми августи соли 2024, тахминан соати 16:40 як тифли дусола аз деҳаи Тугараки ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ аз беаҳмиятии волидайн дар ҷӯйбори назди хонаашон афтода, ғарқ шудааст,- меафзояд манбаъ.