arzon replenishment
Дӯсти ҷониаш шавҳарамро “кидат” кард
30.03.2022
ОИЛА
1365

Дӯсти ҷониаш шавҳарамро “кидат” кард

Салом ба кулли мухлисонисомонаи Оила.ТЧ

Ман Муҳаррам, сокини шаҳри Душанбе, мехоҳам сарнавишти падари бачаҳоямро ба шумо нақл кунам, то ки ба мардон дарси ибрат гардад. Шавҳари ман марди кордону корчаллон ва пулдор буд. Азбаски марди дасткушод буд, ёру ошноҳояш аз мӯйи сараш зиёд буданд. Ҳафтае набуд, ки шавҳарам барои дӯстонаш ягон ташкилӣ накунад ё базм наорояд. Зиндагиамон, ки серу пур буд, ҳамеша дӯстони мардакамро бо чеҳраи кушода пешвоз мегирифтам ва барояшон беҳтарин таъомҳоро пухта, онҳоро то як поси шаб мехмондорӣ мекардем. Мардакам бисёр падари меҳрубон буд ва ману бачаҳояшро аз ҷонаш бештар дӯст медошт, вале рафтораш якбора дигаргун гашта, дамдузду одамгурез шуда монд. Дигар мисли пештара ба ману фарзандонам меҳрубонӣ намекард, сабаб пурсам, дарҳол ҷангу ҷанҷол мебардошт ва «хап кун, лақ-лақат дар ҷонам зад» гӯян, ҳақораткунон аз хона баромада мерафт.

Ин рафтори шавҳарам аз назари падару модараш ҳам пинҳон намонд ва сабаби чунин асабонӣ буданашро пурсон мешуданд, вале мардаки оромтабиати ман, ки пештар ба рӯйи волидонаш ягон бор ҳатто сахт нигоҳ намекард «Ҳамаатон дар ҷонам задед! Сарам дигар гапро намебардорад, илтимос, маро ба ҳолам монед» гўён, ба сарашон дод зада, дағалӣ мекард.

Хуллас, аз байн чанд вақт гузашту ҳақиқат рӯйи об баромад. Маълум шуд, ки шавҳарам аз бонк ба як ошнояш бо номи худаш пули калон карз гирифта додаасту он дусти аблаҳаш баъди гирифтани пул думашро хода карда, ба кадом кишвари дигар гурехтааст. Шавҳарам маҷбур шуд, ки корхонаашро фурӯхта пули банкро диҳад, вале қарзаш бо ин ҳам адо нашуда, роҳи Русияро пеш гирифт.

Падари фарзандонамро дар чунин рӯзҳои сахт танҳо гузоштан нахоста, ман ҳам бачаҳоямро ба хушдоманам гузошта хамроҳи шавҳарам ба Русия рафтам. Зану шавҳар муддати се сол дар мулки бегона кор карда, хориву зориҳои бисёре кашидем ва қарзи он дӯсти номардашро канем. Дасти холӣ ба хона баргаштан нахоста, боз ду соли дигар барои худамон кор кардем ва чанд моҳ пеш ба Ватан баргаштем. Шукри Худо имрӯз боз тиҷорати худро оғоз намуда, зиндагии осуда дорем, вале коре, ки дӯсти шавҳарам дар ҳаққаш кард, ҳаргиз аз диламон намеравад.

Дар урфият намегӯянд, ки асои Худо садо надорад, дӯсти номарди шавҳарамро Худо зада, ба инсулт гирифтор шудааст ва мурдаи берун аз гур барин азоб кашида истодааст.

Ин қиссаро ба он хотир нақл кардам, ки ба дигарон дарси ибрат гардад, аз чунин дӯстони аз кӯчаи одамгарӣ нагузашта, дурӣ биҷӯянд.

Муҳаррам, ш.Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД