Дунё бо одамони хубаш пойдор аст. Агар мо ба меҳру садоқати байни инсонҳо бовар накунем, оҳиста-оҳиста одамгарӣ аз байн меравад. Дӯстӣ ҳам ҳар хел мешавад.
Ман бо Дилдора ҳамагӣ панҷ сол боз риштаи дӯстӣ дорем, вале мисли хоҳарони ҳамхун ба ҳамдигар меҳрубонем. Мо дар як идора кор мекардем.
Дилдора аз ноҳияи Қумсангир буду ман аз шаҳри Душанбе, вале ситораамон ба якдигар рост омаду дӯст шуда мондем. Як мушкиле пеш омаду ман аз бонк қарздор шудам. Шавҳарам низ мисли ман коргари оддӣ аст. Ду фарзанд дорем, аз ин рӯ, аксаран ҳангоми пардохт намудани пули қарз душворӣ мекашидам. Дилдора мушкили қарздориамро дида, баробари ман ғам мехӯрд, вале дасташ намерасид, ки ёриям расонад. Шояд сабаби дилсафедияш буд, ки дӯстамро ба вазифаи баланде пешбарӣ карданд. Хоҳ бовар кунед, хоҳ не, дар муддати ҳашт моҳ бо ёрии ӯ ҳама қарзҳоямро баргардондам. Ҳар бори аз вай пул гирифтанам мегӯям, ки ин ҳама қарз аст ва як рӯз не, як рӯз бармегардонам, аммо вай аз ин суханонам хафа шуда, мегӯяд:
-Дугонаҷон, одамон якдигарро бояд дастгирӣ кунанд, ҳеҷ гоҳ дар ин бора фикр накун ва пулҳои додаамро қарз нашумор!
Ана, акнун шумо гӯед, ки чӣ гуна ман ба дӯстии дугонаам бовар накунам?! Фарзандонам ба боғча мераванд. Ҳамеша ба онҳо ин хубиҳои дугонаамро таъкид карда мегӯям, ки ҳеҷ гоҳ ӯро аз хотирашон набароранд. Аз ёд баровардан даркор нест, ки ҳам хубӣ ва ҳам бадӣ ба содиркунандааш бармегардад, дугонаи ман ҳам аз қабили ҳамин гуна одамон аст. Писараш ҷавон ҳам бошад, дар вазифаи баланде кор мекунад ва модарашро чун гавҳараки чашмаш азиз медорад.
Ғайр аз додани пули қарзҳоям, дугонаам боз ба фарзандони ман либосу пойафзолу чизҳои дигар ҳам тӯҳфа мекунад. Ман аз ӯ аз замин то осмон миннатдорам. Шумо гумон накунед, ки ман барои боигарияш ба дугонаам хушомад мезанам, не, Дилдора вақте ки зиндагии миёнҳолона ҳам дошт, бо ман хеле меҳрубон буд. Ман ӯро дар баробари фарзандони падарам азиз медонам.
Маҳина, сокини ш.Душанбе