Sebiston new 2024 october
Дӯстдоштаам хоҳарамро ба занӣ гирифту...
18.06.2023
ОИЛА
1408

 

Ҷавонеро дӯст медоштам, ӯ низ худро ошиқи шайдо метарошид. Вақте ки падару модараш ба хонаамон хостгорӣ омаданд, ман худро хушбахттарин духтари олам тасаввур мекардам, вале баъди рафтанашон фаҳмидам, ки онҳо на ман, балки хоҳарамро хостгорӣ кардаанд.

Ин хабар дунёро дар назарам ба шаби тираву торе мубаддал намуд, ки дар осмонаш ягон ахтар намедурахшад. Чашмонам аз гиряи зиёд камнур гардиданд.

Ҳарчанд талош кардам, натиҷа надод. Ошиқи ба қавли худаш шайдо хомӯширо ихтиёр кард. Ҳамин тавр хоҳарамро бо ошиқи ман тӯй карданд.

Наметавонам ба хабаргии хоҳарам равам, чунки хушбахтии онҳоро дида, аз рашк дармегирам. Илтимос ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам?

З, аз шаҳри Норак

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Хабиба 2023-06-21, 15:28
Хохари азиз хубаш фаромушаш кунед у шуморо дуст намедоштааст ва зуд фаромуш кардааст шумо низ кадри худро бидонед онеки дустатон медорад холо пайдо мешавад бо сабру токати шумо.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Хабиба 2023-06-21, 15:28
Хохари азиз хубаш фаромушаш кунед у шуморо дуст намедоштааст ва зуд фаромуш кардааст шумо низ кадри худро бидонед онеки дустатон медорад холо пайдо мешавад бо сабру токати шумо.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД