goodwell
Довталабоне, ки аз имтиҳон гузаштанд кадом ҳуҷҷатҳоро бояд ба донишгоҳ пешниҳод намоянд?
27.07.2026
Оила
51

Довталабоне, ки аз имтиҳон гузаштанд кадом

ҳуҷҷатҳоро бояд ба донишгоҳ пешниҳод намоянд?

Маркази миллии тестӣ рӯзи 25-уми июл натиҷаҳои даври аввали тақсимоти довталабони аз имтиҳонот гузаштаро ба донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар эълон кард. Шахсоне, ки аз имтиҳонҳо бо сари баланд гузаштаанд, бояд то рӯзи 5‑уми август бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба комиссияи қабули донишгоҳе, ки ба он дохил шудаанд, муроҷиат намоянд.

Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешаванд:

  1. Ариза ба номи роҳбари муассисаи таълимии дохилшудаашон
  2. Шиноснома
  3. Диплом ё Шаҳодатнома дар бораи хатми мактаби миёна
  4. Маъмумотномаи тиббии шакли 038-у
  5. Акси андозаи 3х 4 (6 дона)
  6. Гувоҳномаи ҳарбӣ, агар донишҷӯ писар бошад.
  7. Маълумотнома аз ҷойи истиқомат
  8. Маблағи шартнома, агар шумо ба шакли таҳсили шартномавӣ гузашта бошед.

Агар довталаб дар муҳлати муқарраргардида ҳозир шуда натавонад, бояд муассисаи таълимиро огоҳ намуда, ҳуҷҷатҳояшро тавассути ягон намояндааш пешниҳод созад.
Дар сурати то 5-уми август ҳуҷҷатҳои заруриро барои қабул ба муассисаи таълимии роҳёфтааш пешниҳод накардани довталаб ҷойи ӯ дар тақсимоти баъдӣ ҳамчун ҷойи холӣ ба дигар довталабон пешниҳод карда мешавад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД