Доробшоҳ Наботов бо Fight National Championship қарордод баст
11.02.2026
Оила
14

Доробшоҳ Наботов бо Fight National Championship қарордод бастРазмкори тоҷик Доробшоҳ Наботов бо ширкати олмонии Fight National Championship (FNC) шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Дар доираи ин қарордод баргузории 4 муҳориба ба нақша гирифта шудааст.  Тарғиботи муҳорибаҳои рамзкори тоҷик пас аз моҳи шарифи рамазон оғоз меёбад. Барои варзишгари 26-солаи тоҷик Доробшоҳ Наботов ин аввалин шартномаи дарозмуддат бо як лигаи аврупоӣ дар чунин сатҳи баланд ва қадами хеле муҳим дар ҷодаи рушди касбӣ, яъне гузариш аз мусобиқаҳои минтақавӣ ба арсаи байналмилалӣ мебошад. Наботов дар вазни сабук баромад мекунад ва 9 ғалабаю 1 бохт дорад. Доробшоҳ устоди варзиш оид ба ММА, панкратион ва самбои ҷангӣ, қаҳрамони Русия оид ба панкратион ва қаҳрамони Аврупо оид ба ММА мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД