Ба донишҷӯйи курси дуюми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Фазлиддин Баҳриев хатари хориҷ шудан аз донишгоҳ таҳдид менамояд.
Тавре Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар додааст, Фазлиддин Баҳриев, донишҷӯи курси дуюми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон қоидаҳои муқаррагаштаро вайрон намуда, бо мошини шахсии тамғаи Range Rover ба дарс меомадааст.
Ёдрас мешавем, ки тибқи фармони вазири маориф ва илми кишвар ба донишҷӯён бо мошини шахсии худ ба дарс омадан қатъиян манъ буда, барои ин амал донишҷӯёнро аз донишгоҳ хориҷ карда метавонанд. Донишҷӯёне, ки бо мошин ба дарс меоянд, тӯли 3 соли минбаъда ҳуқуқи барқарор шуданро надоранд.
Нисбати Фазлиддин Баҳриев маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, барои баровардани хулосаи ниҳоӣ ба Вазорати маориф ва роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ фиристода шудааст.