Arzon march 2024
Донишҷӯи тоҷик дар Русия худкушӣ кард ё..?
1453


Рӯзи 3-юми июл дар деҳаи Рукнободи ҷамоати деҳоти Ворӯи шаҳри Панҷакент ҷасади як ҷавони ормониро, ки ҳамагӣ 25- сол дошт, ба хок супурданд. Марҳум Фатҳӣ ном дошта, донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино будааст.

Тобути пур аз ҳасрат

Ҷисми бе ҷони ин ҷавони тоҷикро субҳи 3-июл бо тайёраи хатсайри Маскав – Хуҷанд ба Ватан оварданд. Тавре ки расонаҳо менависанд, Фатҳӣ Фатҳиев донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон буда, ҳамагӣ як моҳ пеш, баъди анҷоми дарсҳо ва имтиҳонти имсола ба хотири кор кардани маблағи таҳсил дар донишгоҳ ба Русия назди бародари муҳоҷираш рафтааст...

Фатҳӣ ҷавони баномус буд, вале...

Тавре ки Бомдод дар такя ба гуфтаҳои пайвандони ин ҷавони ормонӣ менависад, Фатҳӣ бо қувваи худаш ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шуда, ҳамеша кӯшиш мекардааст, ки хароҷотҳои таҳсили ӯ дар донишгоҳ бори дӯши аҳли хонавода нагардад. Ин ҷавони бо нангу номус ҳар сол дар вақти таътил ба Русия мардикорӣ рафта, маблағи таҳсилашро дар донишгоҳ худаш мустақилона кор мекардааст, вале охирҳои моҳи июн Фатҳӣ дар Русия якбора бе ному нишон ғайб мезанад.

Тоҷикбача худро дар Русия ба дор овехт ё...?

Пас аз чор шабонарӯзи ҷустуҷӯҳо ҷисми бе ҷони Фатҳӣ Фатҳиевро дар Вилояти Маскав аз ҷангалзор пайдо кардаанд. Ҷасади ин ҷавони тоҷик дар шохи дарахт овезон будааст, вале тафсилти маргаш маълум нест. Тобути Фатҳии нокмро бародари ғамзадааш ба Ватан овардааст.

Дар бадали ҳамагӣ шаш моҳи соли 2022 Фатҳӣ алакай дуюмин зодаи деҳаи Рукнобод аст, ки ҷасади дар ҳалқа везонашро дар Русия пайдо карданд. Соли гузашта низ як табиб аз ин деҳа дар Маскав худро ба дор овехта, худкушӣ карда буд.
Фалсафа Фатҳиро ба худкушӣ расонд ё...?
Дар ҳамин ҳол, Сайидюнуси Истаравшанӣ, як донишманд ва фаъоли тоҷики муқими Эрон аз марги ин ҷавони ормонӣ афсӯс хӯрда, навиштааст, ки бо марҳум чандин сол боз тавассути Интернет мукотиба дошт ва даст ба худкушӣ задани ӯ барояш ғайри интизор набуд.

“Хабари даргузашти Фатҳӣ Фаҳтиев – он ҳам ба ин сурат, ки худашро ба дор овехта будааст – росташ, бароям чандон дур аз интизор набуд. Зеро боварам ин буд, ки ин ҷавон рӯзе худашро ба куштан медиҳад”, навиштааст Сайидюнуси Истаравшанӣ.
Сайидюнус мегӯяд, Фатҳӣ Фатҳиев бо ӯву бародараш Маҳмудхон Бурҳонов бештар пиромуни масоили фалсафӣ суҳбат мекард.

“Оё боваратон мешавад, ки Фатҳӣ – Худо раҳматаш кунад! – ворид ба фанни фалсафа буд, на фақат донандаи фалсафа, ки ворид ба он буд. Ӯ фалсафаро ҳазм карда буд ва бештар фалсафаи Ғарбро... Танҳо ишколе, ки дошт ва дар ӯ медидам, ин буд, ки ӯ дунёро ҳечу пуч медонист. Бовар дошт, дунё пуч аст ва саодати инсон дар ин аст, ки бояд кушта шавад, мисли Комю ва Содиқ Ҳидоят. Зоҳиран, вай ба фалсафаи пучгароӣ гароида буд”, навиштааст Сайидюнуси Истаравшанӣ.

Навиштаҳои ин ошнои интернетии Фатҳӣ то куҷо асос доранд, барои мо рушан нест, вале ҷойи таассуф аст, ки боз як ҷавони тоҷик дар мулки ғурбат ҷн ба ҷонофарин супурда, дар дили волидону пайвандонаш доғи ҷигарсӯзе ниҳод, ки ҳаргиз шифо нахоҳад ёфт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД