Formula novemver 2024
Донишгоҳи тиббии Хатлон шаҳрвандонро ройгон муолиҷа кард
564

Шодмон Аҳмадиён, муовини ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон оид ба корҳои таълимӣ ва методӣ дар нишасти матбуотӣ роҷеъ ба фаъолияти таълимиву тарбиявии донишгоҳ, дастовардҳои омўзгорону донишҷўён ва равобити байналмилалӣ иттилоъ дода, қайд кард, ки ДДТХ аз оғози таъсис то ҳол фаъолияти босубот дорад.

Гуфта шуд, ки донишгоҳ дар давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ба 5249 беморон кӯмаки ройгон дар шакли муолиҷа намудааст.

“Бинои таълимии донишгоҳ, ки аз 6 ошёна иборат аст, дар марҳилаи баистифодадиҳӣ қарор дорад ва моҳи сентябри соли равон ифтитоҳ мешавад. Бино дар масоҳати 0,5 га сохта шуда, аз 24 синфхона бо фаргирии 350 ҷойи нишаст иборат аст”, - гуфт Аҳмадиён.

Таъкид гардид, ки дар соли таҳсили 2022-2023 донишгоҳи мазкурро 29 нафар бо дипломи аъло хатм карда, айни ҳол 34 нафар тариқи квотаи Президентӣ ба донишгоҳ роҳ ёфтаанд, ки 22 нафари онҳоро духтарон ва 12 нафарашонро писарон ташкил медиҳанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД