Салом! Ман модари се фарзанд, ду писару як духтар ҳастам. Орзу дорам, ки духтарам дар оянда табиб шавад. Бисёр мехоҳам аз даврони кӯдакӣ фарзандамро оҳиста-оҳиста барои духтур шудан тайёр кунам. Дар шаҳри Душанбе мактабҳое ҳастанд, ки ба кӯдакон химия, физика ва биологияро омӯзанд?
Муҳайё, сокини ноҳияи Рӯдакӣ
Посух
Муҳайёхон, бисёр хуб аст, ки шумо аз ҳоло дар фикри ояндаи фарзандатон ҳастед ва мехоҳед духтаратонро барои духтур шудан тайёр кунед. Барои ба донишкадаи тиббӣ дохил шудан фарзанди шумо бояд илмҳои дақиқро хеле хуб омӯзад, аз ҳамин хотир ӯро ба литсейи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ё мактаби дигаре, ки он ҷо ба омӯзиши илмҳои дақиқ диққати бештар дода мешавад, гузоред.
Тавре ки Хушвақтзода Қобилҷон Хушвақт, Ректори Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта зимни нишасти матбуотӣ гуфт, муҳимтарин рӯйдоди соли равон дар ин донишгоҳ санаи 13-март бо иштироки Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гаштани бинои нави литсейи равияи табиию риёзӣ буд.
Литсейи мазкур барои 1280 нафар хонандагон пешбинӣ шуда, ин бинои чорошёна аз 47 синфхонаи барҳавои замонавӣ иборат мебошад, ки бо тамоми аёниятҳои дарсӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Барои омӯзиши илмҳои химия, физика, биология, математика ва геометрия 10 синфхонаи махсуси фаннӣ кушода шуда, дар синфхонаҳои мазкур таҷрибаю озмоишҳои махсус гузаронида мешаванд. Маблағи таҳсил ҳам чандон зиёд набуда, ҳамагӣ 5100 сомониро ташкил медиҳад ва онро давра ба давра супурдан мумкин аст.
Муҳимтар аз ҳама он аст, ки ба хонандагони ин литсей устодони Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, ки дорои дараҷаҳои баланди илмӣ, доктор ва профессор ҳастанд, дарс мегӯянд. Албатта аз чунин устодони донишманд ва таҷрибадор сабақ гирифта, шогирдон илмҳои дақиқро хеле хуб аз бар мекунанд ва дар оянда ба осонӣ ба донишгоҳи дилхоҳашон дохил шуда, орзуҳояшонро амалӣ карда метавонанд.