Донишгоҳи Давлатии Омӯзгории Тоҷикистон ба 10-гонаи беҳтарин донишгоҳҳои ҷаҳон дохил шуд
14.01.2026
Оила
49

Донишгоҳи Давлатии Омӯзгории Тоҷикистон ба 10-гонаи беҳтарин донишгоҳҳои ҷаҳон дохил шуд

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар рейтинги байналмилалии таҳсилоти олӣ 2025 дар ҷои 8-ум қарор гирифта, ба даҳгонаи беҳтарин донишгоҳҳои ҷаҳон дохил шуд. Бори аввал аст, ки як донишгоҳи Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ба чунин натиҷаи баланд ноил шудааст.

Рейтинги мазкур бар асоси таҳлили фаъолияти 422 донишгоҳи 55 кишвари ҷаҳон тартиб дода шудааст. Арзёбӣ бо истифода аз методологияи фарогир гузаронида шуд, ки 25 меъёр ва 138 нишондиҳанда - аз сифати таълим ва тадқиқот то идоракунӣ, рақамисозӣ, шумораи донишҷӯён аз кишварҳои дигар, фарогирӣ ва рушди устуворро дар бар мегирад. Донишгоҳи Давлатии Омӯзгории Тоҷикистон 8136 хол гирифта, дар байни дигар донишгоҳҳо пешсаф гашт. Ин баҳои баланд натиҷаи корҳои мунтазами илмӣ-тадқиқотӣ, таълимӣ ва фаъолона ҷорӣ намудани технологияҳои муосир мебошад.Донишгоҳ омӯзиши рақамиро инкишоф медиҳад, ҳазорон лексияҳои видеоӣ аз рӯи даҳҳо ихтисос дорад ва аккредитатсияи байналмилалиро пайгирӣ мекунад. Ёдрас мешавем, ки қаблан донишгоҳи омӯзгорӣ беҳтарин донишгоҳи инноватсионӣ дар соли 2023 эътироф шуда буд ва барои ширкат дар рейтинги QS ва Times Higher Education омодагӣ мегирад. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД