Донишҷӯёни ДБСС имконияти ба 80 донишгоҳи бонуфузи хориҷӣ дохил шуданро ба даст оварданд
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Иттиҳодияи байналмилалии донишгоҳҳои Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ (NCUK) ҳамкориро ба роҳ мондааст. Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ ректори донишгоҳ иттилоъ дод.
Иттиҳодияи мазкур беш аз 80 донишгоҳи бонуфузи Британияи Кабир, Австралия, Канада, Зеландияи Нав ва дигар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонро муттаҳид менамояд. Аз ҷумла Донишгоҳи Манчестр, Донишгоҳи Лидс, Донишгоҳи Бристол, Донишгоҳи Дарем, Донишгоҳи Шеффилд, Донишгоҳи Ланкастер ва ғайра.
“Барномаи NCUK ба довталабон ва донишҷӯён имкон медиҳад, ки пас аз хатми курсҳои омодагӣ таҳсилро дар яке аз донишгоҳҳои пешсафи ҷаҳон идома диҳанд,”-гуфт зимни нишасти матбуотӣ Ректори Донишгоҳи Байналмилалии Сайёҳӣ ва Соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода.