Ба ифтихори Иди Рамазон ва ҷашни байналмилалии Наврӯз дар кишварамон 10 рӯз истироҳат эълон шудааст ва аз пагоҳ, 20-уми март қатори дигар сокинони мамлакат донишҷӯён ва мактаббачаҳо низ ба таътил мебароянд.
Тавре Вазорати маориф ва илми кишвар хабар дод, мактаббачаҳо аз 20-ум то 29-уми март ба таътили баҳорӣ баромада, донишҷӯёни макотиби олӣ аз 20 то 25-уми март истироҳат мекунанд.
Ёдрас мешавем, ки аз 20-ум то 29-уми март боғчаҳои бачагона низ фаъолият намекунанд.