arzon replenishment
Донишҷӯён низ стипендияи баланд мегиранд
645

Аз пагоҳ, 1 июл маоши кормандони ташкилотҳои соҳаи илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳои донишҷӯён ва ҳаҷми нафақаи заминавӣ 20 дарсад зиёд мешавад. Дар ин бора Фармони Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 6 феврали соли 2023 ба имзо расида буд.

Дар асоси фармони мазкур  маоши вазифавии кормандони ташкилотҳои соҳаи илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 20 фоиз зиёд карда мешавад ва андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи тандурустӣ 20 фоиз зиёд карда шуда, ба 440 сомонӣ баробар мешавад.

Ҳамзамон, стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯён ва намудҳои дигари стипендия (ба ғайр аз стипендияҳои президентӣ ва курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи ВКД) 20 фоиз зиёд мешавад.

Нафақаи заминавӣ низ 20 фоиз зиёд карда шуда, ба андозаи 250 сомонӣ муқаррар карда мешавад. Нафақаҳои суғуртавӣ бошад ба андозаи сатҳи таварруми ду соли охир баробари 16 фоиз индексатсия карда мешаванд. Ба ғайр аз ин, нафақаҳои дигари амалкунанда 20 фоиз аз меъёри нафақаи заминавӣ баробар ба 50 сомонӣ зиёд мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки аз 1 марти соли 2023 маоши вазифавии хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот ба андозаи 20 фоиз баланд шуда буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД