Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 61 донишҷӯ аз кишварҳои хориҷӣ аз қабили Ӯзбакистон, Озарбойҷон, Афғонистон ва дигар ҷумҳуриҳо таҳсил мекунанд.
"Онҳо бештар дар чор ихтисос Молия ва Қарз, Иқтисоди Ҷаҳон, Ҳуқуқи байналмилалӣ ва магистратура, ки забони таҳсил англисӣ мебошад, таҳсил мекунанд. Ин нуқтаро Назарзода Хайрулло, Ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар нишасти хабарии имрӯза қайд карданд".
Таҷрибаомӯзӣ яке аз самтҳои асосии таҳсил маҳсуб меёбад. Раёсати донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки барои таҷрибаомӯзии донишҷӯёни факултаҳо филеали кафедраҳои тахассусӣ таъсис дода шавад, то ки онҳо тавонанд бе мушкилӣ ба таҷрибаомӯзӣ ҷалб шаванд. Донишгоҳ дорои Донишкадаи иқтисод ва савдо дар шаҳри Хуҷанд, литсей, 12 кафедраи тахассусӣ ва 5 кафедраи умумидонишгоҳӣ мебошад.