Formula september
Донишҷӯ шудан хоҳӣ, шитоб кун!
1018

Шурӯъ аз 1-уми март давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар (ИМД) оғоз ёфтааст. Дар ин бора Абдусаломзода Замира, сухангӯи Маркази миллии тестӣ ба сомонаи Оила. ТЧ хабар дод.

Номнависӣ дар нуқтаҳои бақайдгирии доимӣ ва сайёри шаҳру ноҳияҳои интихобшудаи ҷумҳурӣ сурат мегирад.
Соли ҷорӣ давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД дар 59 шаҳру ноҳияи кишвар, ки дар 43-тои онҳо 47 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ва дар 16-тои дигари онҳо нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ фаъолият мекунанд, ба роҳ монда мешавад. Рӯйхати муассисаҳои таълимӣ ва сохторҳои мақомоти маҳаллии идоракунии маориф, ки дар заминаи онҳо барои довталабон нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкил карда шудааст, бо нишонии нуқтаҳо дар сомонаи Марказ ҷой дода шудааст.

Марказ дар асоси озмун 243 корманди муваққатиро аз рӯйи вазифаҳои роҳбар, ёвари роҳбар ва бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ ба кор ҷалб кардааст, ки ҳамаи онҳо аз омӯзиши махсус гузаштаанд ва дар мавридҳои дахлдор ин мутахассисони ҷалбгардида ба довталабон ва падару модарон тавсияҳо медиҳанд.

Иштироки довталабон дар ИМД ихтиёрист, аммо набояд фаромӯш кард, ки таҳсилоти миёна ва олии касбӣ барои соҳибмаълумот шуда, ҷойи кори мувофиқ ёфтан заминаи асосиро фароҳам меорад ва дар замони муосир хеле муҳим ва зарур мебошад. Шахси соҳибмаълумот дар ҷомеа мақому мартабаи муносиб пайдо намуда, дар пешрафту ободии ватани азизи хеш – Тоҷикистон саҳми муносиб мегузорад.

Онҳое, ки хоҳиши иштирокро дар ИМД-2024 доранд, тибқи тартиби муқарраргардида бояд бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар яке аз нуқтаҳои бақайдгирии барояшон наздик ё мувофиқ ҳозир шуда, худро номнавис кунанд. Бақайдгирии довталабон бо ҳузури ҳатмии онҳо сурат мегирад ва шахси дигар ба ҷойи касе ба қайд гирифта намешавад. Марказ, ҳамчунин барои осон намудани бақайдгирии довталабон ва сарфаи вақти онҳою кормандони нуқтаи бақайдгирӣ хизматрасонии “Пешномнависӣ”-ро дар сомонаи худ ба роҳ мондааст, ки довталабон тавассути он метавонанд худро пешакӣ номнавис карда, баъдан барои расмӣ намудани он дар яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ ҳозир шаванд.

Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон то 30-юми апрели соли ҷорӣ идома меёбад. Лозим ба зикр аст, ки чун дар соли 2023, соли ҷорӣ низ азнавбақайдгирии довталабони дар давраи якуми бақайдгирӣ (аз 1-уми март то 30-юми апрел) номнависшаванда бо ин раванд (бақайдгирӣ) ҳамзамон ба роҳ монда мешавад.


Тибқи нақшаи Марказ имсол даври якум (асосӣ)-и ИМД дар марказҳои имтиҳонии 20 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ (И. Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Рашт, Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Панҷакент, Б.Ғафуров, Бохтар, Кӯлоб, Восеъ, Данғара, Ёвон, Кӯшониён, Ҷ. Балхӣ, Шаҳритус, Хоруғ) баргузор карда мешавад. Довталаб, новобаста аз ҷойи истиқомат ва макони бақайдгириаш, яке аз шаҳру ноҳияро барои имтиҳонсупориаш интихоб карда метавонад.

Марказ бо мақсади осонии кори довталабон дар интихоби ихтисосҳо, ки рӯйхати онҳо бояд ба нуқтаи бақайдгирӣ пешниҳод карда шавад, барномаи “Интихоби ихтисос”-ро низ таҳия ва дар сомона ҷойгир намудааст. Барномаи “Интихоби ихтисос” яке аз навгониҳоест, ки Марказ онро соли гузашта ҷорӣ намуд ва имсол низ барномаи мазкур дар ду шакл: (1) мобилӣ – барои истифода дар телефонҳои ҳушманд (смартфон) ва (2) компютерӣ – барои истифода дар компютерҳо пешниҳод карда шудааст. Барномаро барои истифода дар телефонҳои ҳушманд аз маҳзани интернетии Google Play ва барои истифода дар компютерҳо аз сомонаи Марказ боргирӣ карда метавонед.

Хотиррасон мекунем, ки довталабон дар интихоби ихтисосҳо озод буда, чун солҳои гузашта то 12 комбинатсияи ихтисоси ба худ писандро танҳо аз як гурӯҳи ихтисосҳо интихоб карда метавонанд. Довталаб дар вақти бақайдгирӣ яке аз забонҳо (русӣ ва тоҷикӣ) ва маконҳои имтиҳонсупорӣ, инчунин макони фиристодани даъватномаро ихтиёран муайян мекунад. Довталабоне, ки ихтисосҳоро аз гурӯҳҳои ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география), 3-юм (филология, педагогика ва санъат) ва 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) интихоб мекунанд, барои имтиҳон аз забони хориҷӣ яке аз забонҳои хориҷӣ – англисӣ, немисӣ, фарансавӣ ё арабиро интихоб карда метавонанд.
Падару модаронро зарур аст, ки аз интихобҳои фарзандонашон ҳангоми бақайдгирӣ ва моҳияти онҳо, бахусус аз комбинатсиҳои ихтисосҳо, муассисаҳои таълимӣ, шакл ва намуди таҳсил огаҳии кофӣ дошта бошанд.

Таъкид менамоем, ки эҳтимоли рух додани амалҳои ғаразноку ваъдаҳои авомфиребонаю бардурӯғ аз ҷониби қаллобон дар бобати довталабонро дохил кардан ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ вуҷуд дорад. Бинобар ин, довталабон ва волидайну наздикони дигари онҳоро зарур аст, ки дар ин масъала ҳушёру боэҳтиёт бошанд, то ки ба доми чунин қаллобон наафтанд. Барои донишҷӯй гардидан довталабон бояд танҳо бо такя ба дониш ва маҳорату малакаи худ вақту муҳлати боқимондаро то оғози имтиҳонҳо бо истифода аз шароиту имкониятҳои муҳайёкардаи Марказ ва азхудкунии барномаҳои таълимии мактабӣ самаранок истифода кунанд. Барои омодагии ҳадафманди ҳар довталаб ба ИМД-2024, аз ҷумла истифодаи маҷмуаи саволу масъалаҳо аз фанҳои имтиҳонии таҳия ва нашркардаи Марказ ва хизматрасонии “Худро бисанҷ” ёрирасон хоҳад буд.

Арзиши хизматрасонӣ барои шахсоне, ки бо мақсади иштирок дар ИМД-2024 аз қайд гузаштан мехоҳанд, дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти марҳалаҳои (асосӣ ва иловагӣ)-и бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии довталабон барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ 330 сомонӣ ва барои шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9-ум) 230 сомонӣ муқаррар гардидааст. Маблағи барои азнавбақайдгирӣ дар давраи асосӣ пардохтшаванда 30 сомонӣ аст.

Тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои якчанд гурӯҳи довталабон дар пардохти маблағи хизматрасонӣ барои иштирок дар ИМД имтиёзҳо муқаррар карда шудааст. Лозим ба таъкид аст, ки соли ҷорӣ гурӯҳҳои довталабони дар пардохти маблағи хизматрасонӣ барои иштирок дар ИМД имтиёздошта зиёд гардид. Бо рӯйхати шахсони мазкур ва имтиёзҳои барои онҳо муқарраршуда дар нуқтаи бақайдгирӣ ё аз сомонаи Марказ метавон шинос шуд.

Довталабоне, ки мехоҳанд худро барои иштирок дар ИМД-2024 ба қайд гиранд, бояд маблағи хизматрасониро дар яке аз марказҳои хизматрасонӣ ё филиалҳои КВД БА ҶТ “Амонатбонк” ё тавассути барномаи мобилии “Амонат мобайл” пешакӣ пардохт намуда, рақами расиди пардохтро ба бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ пешниҳод кунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД