Президенти тозаинтихоби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп дар маросими қасамёдкуниаш гуфтааст, ки дар ним рӯз ба ҷанги Русия бо Украина хотима гузошта метавонад.
Трамп таъкид кардааст, ки президенти Русия Владимир Путин бояд ба гуфтушунид барои хотима гузоштан ба ҷанг бо Украина розигӣ диҳад, дар акси ҳол, Русия бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ хоҳад гашт.
“Бисёриҳо фикр мекарданд, ки ҷанги Русия бо Украина як ҳафта пас ба охир мерасад, вале он то ҳол идома дорад. Ман фикр мекунам, ки Путин бояд ҳарчи зудтар ба ин ҷанг хотима гузорад, зеро ба мулоқот розӣ нашудани ӯ кишварашро бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ месозад ва ҳатто метавонад боиси вайроншавии Русия гардад”,- гуфтааст Трамп ҳангоми суханрониаш дар Қасри сафед.
Трамп ба журналистон гуфтааст, ки рӯзҳои наздик бо президенти Русия мулоқот хоҳад кард, вале санаи аниқи гуфтушунидро эълон накардааст.
“Ман бо Путин ҳамеша забон меёфтам. Умедворам, ки ин дафъа ҳам Путин ба мулоқот ва бастани созишномаи сулҳ розигӣ медиҳад”,- бо боварӣ изҳор доштааст президенти нави Амрико.
Президенти Украина Владимир Зеленский низ мехоҳад бо Русия сулҳ баста, ба ҷанг хотима гузорад.
Тавре расонаҳои русӣ навиштаанд, президенти Русия Владимир Путин ҳам дар ҷаласаи Шӯрои бехатарӣ иқдоми президенти нави Амрикоро ҷиҳати бевосита ба роҳ мондани муносибат бо Русия хуб қабул карда, талошҳои ӯро барои пешгирии ҷанги сеюми ҷаҳон дастгирӣ намудааст.