Formula novemver 2024
Дон Жуан: Дигар бо Рафоати бетарбия кор намекунам!
8233


Ҳаҷвнигори ҷавони тоҷик Дӯстмурод Шарипов, ки бо тахаллуси Дон Жуан машҳур буда, чанд вақт боз ҳамроҳи Рафоати Ҷамшед, сароянда ва блогердухтари тоҷик ҳамкории зич дошт, дар барномаи “Чеҳраи Ошно”-и ютуб канали “Tojikon Group” Рафоатро беадаб номид.


Ба гуфти Дон Жуан Рафоати Ҷамшед вақтҳои охир бо кирдорҳои ношоямаш дар миёни мардум “машҳур” шудааст. Аз ҳамин сабаб Дон Жуан намехоҳад ҳамкориашро бо ӯ идома диҳад. Ҳаҷвнигор бар он андеша аст, ки ҳамкорӣ бо Рафати Ҷамшед обрӯи ӯро низ мерезонад. Рафоати Ҷамшед дар ҷавоб ба ин суханони Дон-Жуан гуфтааст, ки Дӯстмурод барояш мисли “дугона” аст ва намехоҳад “дугонаашро” ғайбат кунад.
“Ӯ мард шуда маро ғайбат кард, аммо ман зан шуда ӯро ғайбат намекунам”-мегӯяд Рафоат, аз рафтори Дӯстмурод сахт ранҷида.
Дар охир Рафоат таъкид кардааст, ки вай зоҳиран зан бошад ҳам, ботинан мард аст.
“Агар ӯ мард бошад, биёяд рӯ ба рӯ бо ман гап занад ва бигӯяд, ки кӣ ба пушти дари кӣ рафта буд!”
Баҳси ин ду чеҳраи ошно дар ютуб хеле шадид ҷараён дорад, аммо маълум нест, ки дар ҳақиқат аз байни Дон-Жуан ва Рафати Ҷамшед гурбаи сиёҳ гузашта, муносибатҳояшон вайрон шудааст ё ин наворҳо махсус ба хотири ҷалб намудани таваҷҷӯҳи мухлисон сохта шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД