Sebiston new 2024 october
Домуллои занбоз ба чанг афтод
812

Вазорати корҳои дохилии кишвар бо нашри як навор аз боздошти боз як муллои фиребгар хабар додааст. Гуфта мешавад, ки Қорӣ Раҷаб ба кадом хонае, ки дуохонӣ равад, бо ҳиллаву найранг занеро ба никоҳи худ медаровардааст.

Қорӣ Раҷаб дар ягонҷо таҳсили динӣ нагирифта бошад ҳам, дар масҷиди “Қазоқон”-и ноҳияи Сино ҳамун қорӣ фаъолият доштааст. Вай се зан дошта, аз ҳисоби онҳо зиндагии худро пеш мебурдааст. Муллои мардумфиреб ба дигарон панду андарз дода, аз инсофу адл сухан гӯяд ҳам, худаш ғуломи нафс гашта, ба куҷое, ки дуохонӣ равад, бо макру ҳилла занеро ба никоҳи худ медаровардааст. Қорӣ Раҷаб ҳатто занҳои чанд нафар ёру дӯстонашро ба никоҳи худ даровардааст.

Ёдрас мешавем, ки чанде қабл ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуда, ҷазо барои ҷодугарӣ ва фолбинӣ сахттар карда шуд.

Тавре нашрияи парлумони кишвар “Садои мардум” навиштааст: “Дар асоси тағйироти наве, ки дар моддаи 240 иловаи 1 пешбинӣ шудааст, агар сеҳру ҷоду ва фолбинӣ дар давоми як сол аз рӯзи таъйини ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд. Моддаи 482 (ҷодугарӣ ва фолбинӣ)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии кишвар низ таҷдиди назар шуда, маблағи ҷарима зиёд ва ҳамчун ҷазои алтернативӣ ҳабси маъмурӣ пешбинӣ шудааст».

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД