Arzon march 2024
ДОМУЛЛО ҲИКМАТУЛЛО ДАР ОҒОЗИ РАМАЗОН АЗ ОЛАМ ДАРГУЗАШТ
2374

Радиои Озодӣ аз даргузашти яке аз рӯҳониёни маъруфи тоҷик Домулло Ҳикматуллои Тоҷикободӣ дар рӯзи аввали моҳи шарифи рамазон хабар додааст. Маросими ҷаноза ва видоъ бо ин чароғи равшани ислом, ки аз тундбоди аҷал якбора хомӯш гашт, имрӯз дар деҳаи Ғилмони ноҳияи Тоҷикобод баргузор мешавад.

Домулло Ҳикматулло яке аз маъруфтарин уламои дини ислом натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар минтақа ба шумор мерафт ва даргузашти ин рӯҳонии машҳурро донишманди тоҷик Абдуллоҳи Раҳнамо талафоти бузурге барои мазҳаб, барои миллат ва барои давлат номида, чунин гуфтааст:
“ Бо рафтани ин рӯҳонии бузургвор бе гумон як қутби маънавии ҷомеа кам шуд, як ҷабҳаи истодагарии милливу мазҳабӣ рафт. Муҳити динӣ ва маънавии мо як ҳавзаи дигар холитар гашт, амнияти эътиқодии мардум як дараҷаи дигар осебпазиртар шуд. Будани эшон дар замони фитнаҳои фикрию динӣ яке аз рамзҳои суннату асолату устуворӣ буд. Барои мазҳаб, барои миллат ва ҳатто барои давлат."
Ёдрас мешавем, ки Домулло Ҳикматулло аз зумраи равшанфикрони соҳибдиле буд, ки кашмакашиҳои бемаънии ба ном диниро маҳкум намуда, ҷанги Сурияро “фитна” мехонд ва ба подшоҳ итоат карданро "воҷиб" дониста мегуфт:
“Амри итоат намудан ба подшоҳ дар чандин аҳодис зикр гардидааст. Инчунин, дар ақидаи аҳли мазҳаби ҳанафӣ итоат намудан ба подшоҳ амри воҷиб мебошад".

Домулло Ҳикматулло яке аз бузургтарин ва охирин намояндагони мактаби таърихии тасаввуф дар минтақа буда, дар Рашт зиндагӣ мекард ва дар синни мубораки 80-солагӣ аз олам даргузашт.

P/S:

Аҳли эҷоди сомонаи OILA.TJ аз даргузашти ин абармарди хирад андӯҳгин буда, ба пайвандон ва пайравони Домулло Ҳикматуллои Тоҷикободӣ ҳамдардии амиқ изҳор менамоянд ва дар таҳаммули ин талафти бузург барояшон аз даргоҳи худованд сабри ҳамил хоҳонанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД